Барои чӣ ваксинагузаронӣ ба кӯдаки Шумо муҳим аст

Ваксинагузаронӣ - усули бехавф ва самараноки мустаҳкамкунандаи масунияти бадани кӯдаки Шумо ва ташаккул додани қувваи муҳофизатӣ аз бемориҳои вазнини сироятӣ ба ҳисоб меравад.
Body

Ваксинагузаронӣ - яке аз муҳимтарин ташаккулдиҳандаи саломатиии ҳар яки мо мебошад. Аз рӯзҳои аввали ҳаёт кӯдак бо ёрии ваксинаҳо аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятие, ки аз муҳити атроф ворид мешаванд, эмин мебошад. Бо шарофати ваксинагузаронӣ дар тамоми ҷаҳон нишондоди маъюбият ва фавти кӯдакони синни бармаҳал босуръат паст гардид. Ҳолате, ки имрӯзҳо ҷаҳонро бо пайдоиши сирояти Covid-19 фаро гирифтааст нишон дод, ки ваксинаҳо барои мубориза бо чунин вирусҳои устувор, ки босуръати баланд ва ба осонӣ паҳн шуда боиси пандемияи ҷаҳонӣ мегарданд чи гуна муҳим мебошанд.  

Чун дар ҷаҳон бемориҳои сироятӣ вуҷуд доранд ва  ба зидди онҳо ваксинаҳо низ вуҷуд доранд бояд бо ёрии ваксинаҳо кӯдаки Шумо аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат карда шаванд. Ин усул инчунин усули хуби нигоҳдории масунияти коллективӣ нисбат ба бемориҳои сироятии мавҷудбуда ба ҳисоб рафта барои коркарду истеҳсоли ваксинаҳои нав ба зидди бемориҳои нави давран пайдошаванда мусоидат менамоянд.

Самаранокии ваксинаҳоро дар мисоли мубориза бо вируси обакон, ки солҳои пеш бемории марговари хатарнок ҳисобида мешуд дидан мумкин аст. Дар натиҷаи ваксинагузаронии бомуваффақият дар рӯи ҷаҳон аз соли 1980 инҷониб бемории обакони табиӣ вуҷуд надорад, ки бинобар ҳамин ҳам зарурияти таъин намудани ваксина ба зидди бемории мазкур дида намешавад.

  • Ваксина чист? Ваксинаҳо аз ҷузъҳои кушташудаву зинда, вале заифгардонидашуда ё дигаргун гардонидашудаи патогенҳо (вирусҳо ва бактерияҳо) иборат мебошад. Онҳо безарар буда ва барои ба таври фаъол ангезиш додани системаи масунии кӯдаки Шумо, бо мақсади коркарди антителаҳову таъмин намудани қувваи муҳофизатӣ нисбат ба патогенҳои муайян истифода бурда мешаванд. Ин антителаҳо қувваи муҳофизатии бадани кӯдаки Шумо гардида ҳамеша дар мавриди кӯшиши воридшавии микроорганизмҳо чун силоҳ истифода бурда мешаванд.
  • Иммунизатсия ва ваксинагузаронӣ. Иммунизатсия- раванди муҳофизати кӯдак аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Ин гуна муҳофизатро ба таври фаъол, яъне бо истифода аз ваксинаҳо ва инчунин ба таври ғайрифаъол, яъне бо истифода аз воридкунии омилҳои тайёри муҳофизатӣ ва иммуноглобулинҳои дорои антигенҳои махсус (ё антителаҳои моноклоналӣ) ба даст овардан имконпазир мебошад. Ваксинагузаронии фаъол қувваи муҳофизатиро ба муддати тӯлонӣ таъмин намуда эмгузаронии нофаъол бошад дар тӯли вақти кӯтоҳ ва одатан дар давоми якчанд ҳафта қувваи муҳофизатии организмро талаб мекунанд. 
  • Ваксинатсия — ин воридкунии ваксинаҳо мебошад. Амалиёти мазкур ба таври пешбинишуда коркарди антителаҳоро ба зидди омилҳои патогенӣ (бактерияҳову вирусҳои касалиовар) то бемор шудан нарасонида ангезиш медиҳад. Ин амалиёт бо роҳи инъексионӣ (масалан ба зидди гулӯзиндонак, кузоз, кабудсулфа ва ғайра), тавассути даҳон (ваксинаи зидди фалаҷи кӯдакону ротавирус) ва бо роҳи чаконидан ба сатҳи пардаҳои луобии бинӣ (ваксинаи зиндаи зидди зуком) амалӣ гардонида мешавад. Барои баъзе кӯдакон бо дарназардошти синну сол ё мавҷудияти бемориҳои вазнин, ки масунияти бадани онҳоро суст ё барои ҳамеша осебпазир гардонидаанд, гузаронидани ваксинаи пурра ё гузаронидаи ҳамаи ваксинаҳо мумкин нест. Дар ин мавридҳо Шумо метавонед аз духтури худ тавсияву маслиҳат гиред ва дар ҳолатҳои ситисноӣ ба Шумо гузаронидани машварат бо духтури иммунологи кӯдакона муфид мебошад.
  • Масунияти коллективӣ. Иммунизатсия кӯдаки Шуморо аз баъзе бемориҳо муҳофизат намуда саломатии ӯро мустаҳкам менамояд ва инчунин густариши минбаъдаи бемориро низ бозмедорад. Бинобар ҳамин ҳам муҳим аст, ки бо мақсади суст намудан ё пурра боздоштани паҳншавии бактерияҳову вирусҳо, ки сабаби пайдоиши ин бемориҳо гардидаанд одамон дар ҷомеа  ба таври кофӣ нисбат ба сироятҳо муқовимат дошта бошанд ва ҳамин тавр бояд гурӯҳи осебпазири ҷомеа ва махсусан шахсони ба ваксиагузаронӣ ғайринишондоддошта бо ин роҳ муҳофизат карда шаванд. Ин муҳофизат намуданро масунияти коллективӣ меноманд.

Барои он, ки дар бадани кӯдаки Шумо қувваи муҳофизатии дарозмуддат ташаккул ёбад, бояд ба ӯ якчанд маротиба вояҳои иловагии ваксинаҳо дар синну соли гуногун ворид карда шаванд.

Гузаронидани ваксинаҳоро ба зидди бемориҳое, ки бо ёрии эмгузаронӣ пешгирӣ кардан имконпазир аст фаромуш насозед, зеро ки ваксинагузаронӣ системаи муҳофизатии бадани ӯро муҳтаҳкам намуда ҳаёти бисёр одамонро наҷот диҳад.