Кадом омил сабаби аутизм ва иллати спектри аутистӣ мегарадад

Сабаби аниқи аутизм ҳанӯз маълум нест. Маълум аст, ки ин таъсири муштараки омилҳои ирсӣ ва омилҳои муҳити атроф мебошад. Байни ваксинаҳо ва рушди аутизм робитаи исботшуда вуҷуд надорад.
Body

То чанде пеш чунин ба ҳисоб мерафт, ки ин  вайроншавиро  омилҳои ирсӣ ба вуҷуд меоваранд, аммо таҳқиқотҳои охир нишон медиҳанд, ки омилҳои муҳити атроф низ ба он таъсир мерасонанд. Аз эҳтимол дур аст, ки гени мушаххасе  хаст,  ки боиси инкишофи ин  вайроншавї мегардад. Эҳтимол якчанд генҳо якҷоя шуда, амал мекунанд. Гарчанде, ки аксарият аутизмро бо  вайроншавии меъдаю рӯда  алоқаманд мекунанд, тадқиқотҳо ҳеҷ далеле дар бораи афзоиши бемориҳои меъдаву рӯда дар кӯдакони гирифтори аутизмро пайдо накарданд.

Тафовут дар сохтори бофтаи мағзи сар дар қисми муайяни кӯдакон аз хурдӣ қайд карда мешавад. Муайян карда шуд, ки миқдори мағзи сари  кӯдакони гирифтори аутизм дар солҳои аввали ҳаёт нисбат ба кӯдакони инкишофи хос хеле афзудааст.  Ҳамин тавр, қисмҳои гуногуни мағзи сар одатан бо ҳам таъсири мутақобила намекунанд. Аммо дар кӯдакони дорои аутизм дар синни 10-15 солагӣ андозаи миёнаи мағзи сар бо кӯдаконе, ки  дигаргунї (вайроншавї) дар инкишоф надоранд, якхел аст. Дар ҳоле, ки дар синни нисбатан калонтар тамоюли кам шудани миқдори хамираи хокистарӣ ва сафед  дар одамони дорои аутизм ба мушоҳида мерасад.

Далелҳои зиёди таҳқиқоти гуногун нишон медиҳад, ки мо набояд нақши танзими масъунияти модарон ва баъди таваллудро дар рушди аутизм фаромӯш кунем.

Омилҳои муҳити атроф, ки метавонанд бо аутизм алоқаманд бошанд: таъсири пестисидҳо аз муҳити атроф, вирусҳо (гулафшон, сурхча),  туршии ретинӣ, истифодаи баъзе маводи доруҳо дар давраи ҳомиладорӣ, синну соли волидайн, мушкилот ҳангоми таваллуд бо осеб, ишемия ва норасоии оксиген.

Исботи алоқамандии ваксина ва инкишофи аутизм вуҷуд надорад.