Шикофи лаб ва ком
Шикофии лаб ва ком нуқсони модарзодӣ мебошанд – ин шаҳодат медиҳад, ки нуқсонҳо дар ҳолати рушди ҷанин рўй медиҳанд ва дар вақти таваллуд пайдо мешаванд.
Мо аниқ намедонем, ки чи боиси шикофии лаб ва ком мегардад. Меҳисобем, ки дар бисёр ҳолатҳо омилҳои ирсӣ масъул мебошанд, гарчанде аксар вақт дар таърихи бемории оила ин беморӣ нест.
Баъзе далелҳо вуҷуд доранд, ки тамокукашӣ ва истифодаи нўшокиҳои спиртӣ дар давраи ҳомиладорӣ, ташхиси диабети қанд пеш аз ҳомиладорӣ, инчунин фарбеҳӣ дар давраи ҳомиладорӣ метавонанд хатари таваллуди кўдаки гирифтори шикофии лабу ком ва ё бе онро зиёд кунад.
Дар хотир доред, ки таваллуди кўдак бо шикофии лаб метавонад ногувор бошад, аммо шикофии лабу комро ислоҳ кардан мумкин аст.
Нишонаҳои шикофии лабу ком
Шикофии лаб ва/ё ком аз рўи дараҷаи вазнинӣ фарқият доранд. Онҳо метавонанд аз як шикофии на он қадар калон дар лаби боло то нуқсони калони лабу ком фарқият кунанд.
Дар шикофии ком сўрохӣ маънои ғайримуқаррарӣ пайваст будани даҳон ва биниро дорад.
Дигар мушкилотҳое, ки бо шикофии лабу ком пайвастагӣ доранд
Навзодон бо шикофии ком метавонанд мушкилоти ҷиддии қабули ғизоро дарк намоянд. Ин боиси он аст, ки ба онҳо қабули ғизо қинд ё имконпазир мебошад, ҳатто агар онҳо ҳангоми фурў бурдан ягон мушкилот надошта бошанд.
Навзодони гирифтори коми шикоф метавонад дар аксарияти ҳолатҳо аз сироятҳои гўш ва хатари вайроншавии шунавоӣ азият кашанд.
Кўдакони гирифтори шикофии лабу ком инчунин метавонанд мушкилоти дандон ва милкро дошта бошанд. Масалан, набудани дандон, дандони иловагӣ ё ғайримуқаррарӣ ҷойгиршавии дандон ва/ё дар самти нодуруст инкишоф ёфтани дандонро дошта бошанд.
Бо шикофии лабу ком овози табиӣ аз бини мебарояд, инчунин ба намуди зоҳирии бинии кўдакона таъсир мерасонад.
Табобати шикофии лабу ком
Табобати шикофии лаб ва/ё шикофии ком аз рўи дараҷаи вазнинӣ вобастагӣ дорад. Аввалан навзодонро бо биничаи махсус ё пистони дароз ғизо додан лозим аст. Онҳо ширро ба қисми қафои гулў мерасонанд.
Амалиёти ҷарроҳӣ доимо лозим аст, ва намуд, ҳаҷм ва шумораи ҷарроҳиҳо аз дараҷаи вазнинии шикофии лаб ё ком вобастагӣ дорад. Шикофи лаб одатан дар синни 3-6 моҳагӣ табобат мешавад, шикофии ком бошад – тақрибан дар 9-12 моҳагӣ, пеш аз он, ки кўдакон гап заданро сар мекунанд. Одатан пас аз гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ намуди шикофии ком баҳтар мегардад.
Пас аз гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ кўдакони гирифтори шикофии лаб ва ё ком ба нигоҳубин ва назорати мунтазами мутахассисон эҳтиёҷот доранд. Ин барои он лозим аст, ки барои санҷидани он, ки онҳо чӣ гуна рушд меёбанд, чӣ гуна нигоҳ мекунанд, сухан мегўянд ва мешунаванд. Ин санҷишҳои минбаъда ба табибон барои қарор қабул кардан кўмак мерасонад, оё кўдакон ба ҷарроҳии иловагӣ ниёз доранд ё не.
Барои кўдакони гирифтори шикофии лаб ва ком аксар вақт табобати дигар лозим аст. Масалан, кўдакони гирифтори шикофии ком барои омўхтани ба таври муқаррарӣ сухан рондан мутахассиси нутқшинос (логопед) лозим аст. Инчунин, ба кўдакон барои ҳалли мушкилотҳои дандон кўмаки махсусгардонидашудаи стоматологӣ лозим шуданаш мумкин аст.
Пешгирии шикофии лабу ком
- Машварати ирсиро (генетикиро) дида бароед
- Хусусан агар дар таърихи бемории оилаи шумо шикофии лаб ва комро дошта бошед
- Витаминҳоро барои ҳомиладорон исотифода баред. Агар Шумо ҳомиладор шуанро дар нақша дошта бошед, бо табиби худ маслиҳат кунед, оё витамин барои ҳомиладоронро истифода бурдан лозим аст?
- Тамоку ва нўшокиҳои спиртиро истифода набаред. Дар вақти ҳомиладорӣ истифодабарии нўшокиҳои спиртӣ ва ё тамоку хатари таваллуди кўдак бо нуқсонҳои таваллудро зиёд мекунад.
- Вазни солимро дар давраи ҳомиладорӣ таъмин намоед.
.