«Синдроми тарсокӣ»

"Сандроми тарсокӣ" бо ҳароратбаландӣ, дарди сар ва рехтани луоби бинӣ оғоз шуда, баъдан дар рухсораҳо бусурот пайдо мешавад. Синдроми тарсокӣ барои бештари кӯдакон хатари ҷиддӣ надорад, вале он метавонад барои кӯдакони таваллуднашуда хатарнок бошад. Фарзанди худро чун пештара ба боғча, муассисаи томактабӣ ё мактаб баред.
Body

«Синдроми тарсокӣ» ё бемории панҷум

Синдроми тарсокӣ (эритемаи сироятӣ)  - ин бемории сирояти сабуки вирусӣ мебошад, ки сабаби пайдоиши он парвовируси B19 мебошад. Ин вирус дар мавриди расидан ё тавассути сулфаву атсазанӣ мегузарад.

Одатан, хуруҷи ин беморӣ дар аввали баҳор рух медиҳад.

Бештар "синдроми тарсокӣ" боиси бемор шудани кӯдакони 5-15-сола мегардад.

"Синдроми тарсокӣ" -ро бемории панҷум низ меноманд.

Симптомҳои «синдроми тарсокӣ»

Парвовирус, ки боиси пайдо шудани "синдроми тарсокӣ" мешавад, одатан кӯдаконро тақрибан ду ҳафта пеш аз пайдо шудани ягон нишона сироят мекунад.

Беморӣ бо табларза, дарди сар ва оби бинӣ оғоз меёбад.

Ҳамин ки ин нишонаҳо камтар шуданд, дар рӯй бусуроти сурхи хос пайдо мешавад. Чунин ба назар мерасад, ки гӯё ба рӯйи кӯдак бо шаппотӣ зада бошанд. Пас аз он бусурот ба қафаси сина, шикам, пушт ва дасту пой паҳн мешавад, аммо дар кафи даст ва пой пайдо намешавад. Одатан бусурот хориш намекунад.

Дар аввал бусурот ба доғ монанд мешавад, вале баъдан, вақте ки марказҳои доғ тоза мешавад, бусурот намуди "тӯрӣ" пайдо мекунанд.

Дар мавриде, ки бусурот пайдо мешавад, кӯдаки Шумо аллакай бемор ва сироятовар нест. Барои пурра аз байн рафтани бусурот аз 1 то 3 ҳафта лозим аст. Аз гармшавии аз ҳад зиёд, фаъолияти аз ҳад зиёди ҷисмонӣ ё дурудароз дар нурҳои офтобӣ будан худдроӣ кунед, зеро ки он метавонад намуди зоҳирии бусуротро бадтар кунад. Бусурот пайдо ва нест шуда метавонад.

Беморӣ инчунин метавонад бо дигар аломатҳо ҳамрадиф бошад: сурхии чашмҳо, варами гиреҳҳои лимфавӣ, дарди гулӯ ва дарунравӣ.

Кӯдакони синни калонтар инчунин метавонанд ба варам ва дарди буғумҳо шикоят намоянд.

Баъзе кӯдакон таҳти хатари нисбатан баланди пайдоиши оризаҳо дар мавриди «синдроми тарсокӣ»-ро доранд, агар:

  • организми кӯдак дар ҳосил намудани ҳуҷайраҳои сурхи хун мушкилӣ дорад, ба монанди камхунии вазнин.
  • кӯдак аз сабаби ягон беморӣ ё қабул кардани табобат масунияти паст дорад.

Парвовирус аксар вақт дар давоми ду ҳафта пештар аз пайдо шудани нишонаҳояш сирояткунанда аст. Вақте, ки бусурот пайдо мешавад, дигар кӯдаки Шумо сирояткунанда нест.

Дар мавриди шубҳа намудан аз «синдроми тарсокӣ» зарур аст, ки кӯдак ба табиби кӯдакона нишон дода шавад?

Кӯдакро ба педиатр/табиби оилавӣ нишон диҳед, агар:

  • бусурот пайдо мешавад ва Шумо намедонед, ки сабаби  пайдоиши он чист, хусусан агар бусурот дар мавриди пахш кардан, муваққатан нест нашавад;
  • ҳарорати баланди бадан дар давоми 48 соат паст нашавад;
  • кӯдак аз дард ё варами буғумҳо шикоят кунад;
  • дар бадани кӯдак бусурот пайдо мешавад ва Шумо медонед, ки кӯдак дар ҳосилшавии ҳуҷайраҳои сурхи хун мушкилӣ дорад ё системаи масунии заиф дорад;
  • Шумо хавотир ҳастед, зеро фарзанди Шумо худро хуб ҳис намекунад.

Донистан муҳим аст, ки вирус метавонад барои кӯдакони таваллуднашуда хатарнок бошад. Агар Шумо ҳомиладор бошед ва аз шахсе, ки дар организми ӯ парвовирус дарёфт карда шудааст, сироят ёфта бошед ё тамос дошта бошед, фавран ба табиб барои супоридани хун ва назорат намудани ҳомиладории худ муроҷиат кунед.

Табобати «синдроми тарсокӣ»

Сабаби пайдоиши «синдроми тарсокӣ» вирусҳо мебошанд ва бинобар ҳамин ҳам доруҳои антибиотикӣ фоида надоранд.

Он чизе, ки барои кӯдаки Шумо зарур аст – ин оромӣ ва истироҳат мебошад.

Пешгирӣ намудани «синдроми тарсокӣ»

Ваксина ба зидди «синдроми тарсокӣ» вуҷуд надорад.

Ба фарзандатон дар бораи қоидаҳои гигиении ҳаррӯза ва бодиққат шустани дастонашро дар боғчаи кӯдакона, муассисаҳои томактабиву мактаб, пас аз кӯча омадан ва пеш аз хӯрок хӯрдан омӯзонед, ин амал ӯро аз мушкилоти зиёд халос мекунад, аммо Шумо ҳеҷ коре карда наметавонед, ки паҳншавии худи бемориро пешгирӣ кунед.

Фарзандатонро чун пештара ба боғча, муассисаи томактабӣ ё мактаб баред ва дар ин маврид ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад.