Обакон

Обакон - ин доначаҳои сурх, ки дар оянда ба ҳубоби хурд дар қафаси сина, пушт, шикам ва ё рӯй, муйи сар мубаддал мегарданд, пайдо мешаванд. Ба зудӣ дар қисми дигари бадан низ пайдо мешаванд ва ҳатто метавонанд дар даҳон ва ё гӯш, чашм ва узвҳои таносул пайдо гарданд. Обхалтаҳо хориш мекунанд ва намуди наваш пайдо мегардад, дар он ҳолате, ки кӯҳнааш бо карахш пӯшида шуда, хушк мешаванд.
Body

Дар бораи обакон

Обакон (ветрянка) – бемории сироятӣ буда, аз ҷониби сирояти обакон пайдо мешавад.

Обакон ба воситаи метавонад гузарад:

  • ҳамнишинӣ бо бемори гирифтори бемории обакон;
  • атса задан ва сулфа кардан;
  • ҳамнишинӣ бо бемори гирифтори бемории табхоли тасмашакл.

Мисли обакон, табхоли тасмашакл аз ҷониби сирояти обакон пайдо мешавад. Агар Шумо қаблан гирифтори бемории обакон шуда будед ва вирус дубора фаъол шуда бошад, Шумо метавонед ба бемории табхоли тасмашакл гирифтор шавед.

Нишонаҳои обакон

Дар кӯдакони сироятёфта бо вируси обакон, нишонаҳо асосан пас аз 10-21 руз пас аз ҳамнишинӣ бо бемор пайдо мешаванд. 

Дар кӯдакон беморӣ асосан бо нишонаҳои сустӣ, инчунин баландшавии ҳарорати бадан огоз мегардад. Дар муддати 2-5 рӯзи оянда доначаҳои сурх пайдо мешаванд.

Аввалан ин доначаҳои сурх, ки дар оянда ба ҳубоби хурд дар қафаси сина, пушт, шикам ва ё рӯй, муйи сар мубаддал мегарданд, пайдо мешаванд. Ба зудӣ дар қисми дигари бадан низ пайдо  мешаванд ва ҳатто метавонанд дар даҳон ва ё гӯш, чашм ва узвҳои таносул пайдо гарданд. Обхалтаҳо хориш мекунанд ва намуди наваш пайдо мегардад, дар он ҳолате, ки кӯҳнааш бо карахш пӯшида шуда, хушк мешаванд. Барои афтидани карахш як чанд ҳафта лозим аст.   

Агар обхалтаро ва ё карахшро хориш накунад, захм сироят намеёбад ва изи донача намемонад.

Нишонаҳои обакон дар кӯдакон назар ба калонсолон одатан суст мебошанд.

Обакон то ду рӯзи пайдоиши доначаҳо  ва то даме, ки ҳаммаи захм ва ё обхалта карахшро пайдо накунад ва то пурра хушк нашавад, сироятёбанда мебошад. Одатан ин тақрибан як ҳафтаро дарбар мегирад.            

Оризаҳои обакон

Дар кӯдакони солим одатан доначаҳои хориш мешудагӣ пайдо мешаванд, аммо ягон дигар ориза нест. Дар ҳолатҳои нодир захми обакон сирояти чирки бактериявии илтиҳоб шуданаш мумкин аст. Бактерияҳо метавонанд боиси сироятёбии дуюмдараҷаи ҷиддӣ гарданд. Оризаҳои дигар ин илтиҳоби шуш, энсефалит ва менингит шуданаш мумкин аст.

Баъзе кӯдакон хатари баланди гирифторшавии бемории обакон доранд. Вирус метавонад ба онҳо зарари ҷиддӣ  расонад. Ба ин гурӯҳ дохил мешаванд:

  • кӯдакони навзод;
  • кӯдакони дорои пасти масъунияти бадан;
  • кӯдакони гирифтори саратон;
  • кӯдаконе, ки  доруҳои иммунодепрессантҳоро (вояҳои баланди кортикостероидҳо) қабул менамоянд.

Ин кӯдаконро дуртар аз шахсони гирифтори бемории обакон доштан лозим аст.

Оё фарзанди Шуморо нисбати бемории обакон ба табиб нишон додан лозим аст?

Агар кӯдаки Шумо гирифтори бемории обакон мебошад, пас ба табиб муроҷиат намоед.

Агар кӯдаки Шумо аз гурӯҳи хатар мебошад ва бо бемори гирифтори бемории обакон ҳамнишин  буд, ба Шумо лозим аст, ки бо табиби худ машварат кунед. 

Занҳои ҳомиладор низ ба гурӯҳи хатари баланд дохил мешаванд ва бояд ба табиб муроҷиат кунанд.

Табобати обакон

Обаконро одатан пас аз машварат бо табиб дар шароити хона  табобат мекунанд. Одатан ба кӯдакони гирифтори бемории обакон танҳо дар ҳолати доштани чунин нишонаҳо ба монанди хориш ва ҳарорати баланд табобат лозим аст.        

Лаҳзаи калидии табобат ин табобати  антисептикӣ ва хушккунӣ барои ҳар чи зудтар пайдо шудани карахш ва пешгирии ворид намудани сирояти дуввуми бактериявӣ мебошад. Ҳама чораҳои имконпазирро андешидан лозим аст, то ин ки кӯдак ҳубобчаи хоришшударо нахарошад. Агар фарзанди Шумо дар ҳақиқат ба хориш тоб наорад, табиб метавонад доруҳои антигистаминро тавсия диҳад.

Агар ҳарорати бадани кӯдак баланд шавад, дар асоси тавсияҳои табиб ба кӯдак парасетамол диҳед.

Шумо метавонед нохунҳои кӯдакро кӯтоҳ кунед. Бо ин кор Шумо эҳтимолияти сирояти захмро кам мекунед, агар ӯ обхалтаро харошад.

Ба кӯдакони аз гурӯҳи баланди хатар ва кӯдакони гирифтори обакони вазнин табиб метавонад доруҳои ацикловир ва доруҳои зидди вирусро таъин намояд. Табиби Шумо метавонад антибиотикҳоро барои сироятҳои пӯст ва илтиҳоби шуш таъин кунад. Баъзан кӯдакро дар  беморхона бистарӣ намудан лозим аст. 

То он даме, ки охирон обхалта карахш нашавад, кӯдак набояд ба кӯдакистон, муассисаи томактабӣ ва мактаб ташриф оварад.

Ба кӯдак аспирин надиҳед. Дар кӯдаконе, ки аспиринро истеъмол намудаанд, метавонад синдроми Рей – бемории нодир вале хело ҷиддӣ пайдо шавад.