Ривоят дар бораи ваксина

Истифодаи васеи ваксинаҳо барои ба вуҷуд омадан ва паҳн шудани ривоятҳо оид ба бехатарии ваксина, эҳтимолияти таъсири он ба организм ва таъсири манфии дарозмуддати он мусоидат намуд. Дар қисмати оянда мо далелҳои марбут ба ин мушкилиро хулосабарорӣ хоҳем кард.
Body

Шубҳа намудан ва ҷустуҷу намудани маълумот дар бораи тиб ва мушаххас дар бораи ваксина ҳолати муқаррарист ва ҳатто асоснок мебошад. Бо вуҷуди ин, мо тавсия медиҳем, ки шумо аз манбаъҳои боэътимод ба монанди Созмони байналмилалии тандурустӣ, Агентии Тиббии Аврупо, Академияи Педиатрияи Амрико ва ғайра маълумот гиред. Воситаи ахбори умуми электронӣ дорои як қатор маълумотҳоест, ки аксари онҳо асоси илмӣ надорад ва қисмати дигар ҳатто бардурӯғ низ мебошанд.

Фарқ карда тавонистани “тасодуфият” хело муҳим ва зарур аст. Дар аксар ҳолат вақте, ки ду ҳодиса паи ҳамдигар рух медиҳанд, набояд фикр кунем, ки ҳодсаи якум, ҳодисаи дуввумро ба вуҷуд овард.

Масалан агар заминҷумбӣ як шабонарӯз пас аз комёб нашудани тими миллӣ оид ба футбол рух диҳад, ҳеҷ кас бовар намекунад, ки заминҷумбӣ сабаби муваффақ нашудани тими миллӣ аст. Ин тасодуф асту халос.

Ҳамин ҳолат метавонад ба  ваксинаҳо низ дахл дошта бошад. Бояд дар назар дошт, ки аксар бемориҳои ирсӣ дар давоми ду соли аввали ҳаёти кӯдакон инкишоф меёбанд. Аксар ваксинаҳо низ дар ҳамин давра гузаронида мешаванд.

Аз ин рӯ, фаҳмидани он муҳим аст, ки кадом омил сабаби пайдо шудани оқибатҳои ваксина гардид, худи ваксина, тасодуфият вақт бо бемориҳои ҳамроҳикунанда ё сабабҳои дигар.

Бинобар ин як қатор тадқиқотҳои эмидемиологӣ дар давлатҳои гуногун гузаронида шуд. Аксар натиҷаи тадқиқот исбот намуд, ки ваксинатсия бехатар аст ва барои бемориҳое, ки бо кӯмаки ваксина пешгирӣ карда мешавад, таъсирбахш мебошад.