Қабзият

Қабзият - ин мавҷудияти наҷосати сахту калонҳаҷм ё мушкилоти хориҷ кардани наҷосат аз бадан мебошад. Кӯдакони гирифтори қабзият аксар вақт мунтазам наҷосат хориҷ намекунанд.
Body

Сабабҳои қабзият дар кӯдакон

Қабзият метавонад бо якчанд сабабҳо пайдо шавад.

Шояд фарзанди Шумо аз он сабаб аз хориҷ кардани наҷосат худдорӣ кунад, ки ӯ ба бозӣ хеле банд мешавад ё хориҷ кардани наҷосат барои ӯ дардманд аст (ё қаблан дард мекард) ва ё аз он сабаб, ки вай намехоҳад аз ҳоҷатхонаи муассисаи томактабӣ ё мактаби таҳсилкардааш истифода барад.

Қабзият инчунин метавонад аз сабаби кам будани клетчатка дар таркиби ғизо ё кам нӯшидани моеъ пайдо шавад.  

Чунин ҳолатҳо метавонад боиси дар рӯдаҳо ҷамъ шудани наҷосат шавад. Дар мавриди рӯй додани ин ҳолатҳо ба ҳоҷатхона рафтани кӯдаки Шумо душвор мегардад.

Аломатҳои қабзият дар кӯдакон

Агар фарзанди Шумо қабзият дошта бошад, он гоҳ ба ҳоҷатхона рафтани ӯ низ душвор мешавад, чунки ӯ дард ё нороҳатӣ ҳис мекунад. Аз ин сабаб, ӯ метавонад аз рафтан ба ҳоҷатхона худдорӣ кунад. Наҷосати сахт метавонад мақъади кӯдаки Шуморо аз ҳад зиёд васеъ карда боиси пайдоиши тарқишҳои сатҳӣ гардад, ки сабаби дардмандӣ ва хунравиҳо шуда метавонад.

Дар кӯдак инчунин дарди шикам пайдо шавад, ки он гоҳе пайдо шуда гоҳи дигар нест шавад. Шумо метавонед мушоҳида кунед, “худдорӣ кардани кӯдакро” нишон диҳад, яъне ӯ алвонҷ мехӯрад ё меҷунбад, пойҳояшро ба якдигар тоб диҳад ё аз нишастан ба ҳоҷатхона даст мекашад. Вай инчунин метавонад инҷиқ ба назар расад.

Вақте ки сухан дар бораи он меравад, ки кӯдакон бо кадом зудӣ наҷосат хориҷ мекунанд, мафҳуми меъёр хеле фарқкунанда аст. Баъзе кӯдакон дар як рӯз 2-3 маротиба ва баъзеи дигар дар як ҳафта ду маротиба ба "ҳоҷатхона" мераванд.

Дар мавриди ҷой доштани қабзият дар кӯдакон кай ба духтури оилавӣ/педиатр муроҷиат намудан лозим аст.

Кӯдаки худро ба духтури кӯдакон нишон диҳед, агар:

  • ба Шумо лозим ояд, ки ба кӯдакатон давоми дар як сол якчанд маротиба доруи исҳоловар диҳед;
  • қабзияти кӯдак пас аз додани доруи ислоҳовар низ бартараф нашавад;
  • фарзанди Шумо дар давоми панҷ рӯз ё бештар аз он ба ҳоҷатхона наравад;
  • фарзанди Шумо беихтиёр дар таҳпӯшаш наҷосат хориҷ кунад;
  • фарзанди Шумо қабзият дошта дар баробари ин табларза, қайкунӣ, хун дар наҷосат ё камшавии вазни бадан мушоҳида карда мешавад;
  • кӯдаки Шумо дар пӯсти атрофи мақъад тарқишҳои дардовар дорад;
  • кӯдаки Шумо қабзият дорад ва Шумо хавотир ҳастед, ки ӯ ба қадри кофӣ ғизо намехӯрад ё кам моеъ менӯшад.

Табобати қабзият

Ба Шумо зарур аст, ки дар кӯдакатон низоми солими наҷосат хориҷ карданро ташаккул диҳед. 

Парҳез

Қадами аввал барои ба роҳ мондани низоми солими хориҷкунии наҷосат назорати парҳез мебошад. Ғизои солими дорои миқдори кофии клечатка пайдоиши қабзиятро пешгирӣ менамояд. Ба маводҳои дорои клечаткаи зиёд  нону ғалладонагиҳо ва меваву сабзавот мансуб мебошанд.

Мунтазам ба ҳоҷатхона рафтан

Агар фарзанди Шумо қабзият дошта бошад, кӯшиш кунед, ки ӯро одат кунонед, то дар ҳоҷатхона нишаста мунтазам зӯр занад. Хуб аст, ки агар ӯ ин корро дар давоми панҷ дақиқа пас аз 20-30 дақиқаи наҳорӣ кардан, хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдан ё хӯроки шомро хӯрдан анҷом диҳад.

Инчунин, барои дар ҳоҷатхона нишаста пойҳояшро гузоштан ба зери пои кӯдакатон таҳмонак ё қуттӣ интихоб намоед. Вақте ки кӯдак зӯр мезанад, ба ӯ бигӯед, ки пойҳояшро рост гузорад, зонуҳояшро дур кунад ва каме ба пеш такя кунад. Ба фарзандатон омӯзонед, ки дар мавриди доштани хоҳиши ҳоҷатхона рафтан  ин хоҳиши худро дарк карда аксуламал нишон диҳад.

Доруҳои исҳоловар

Агар фарзанди Шумо қабзият дошта бошад, эҳтимол ба ӯ хӯрокҳое додан лозим шавад, ки таъсири исҳоловар доранд. Масалан, шарбати олу - ин як маводи табиии ислоҳовар аст, ки ба баъзе кӯдакон кӯмак мерасонад. Агар он ёрӣ надиҳад, ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед.

Баъзе кӯдаконе, ки қабзияти музмин доранд, бояд барои чанд моҳ доруи исҳоловар истеъмол кунанд. Табиби оилавии Шумо/педиатр ба Шумо оид ба таъин намудани табобати мувофиқ маслиҳат медиҳад.

Қабзият дар кӯдакон

Чӣ меъёр ҳисобида мешавад?

Дар бештари кӯдакон рӯй сурх шуда, онҳо ҳангоми хориҷ кардани наҷосат зӯр мезананд.

Дар кӯдакони то 6 моҳа зудии хориҷ кардани “наҷосат” аз кадом намуди ғизоро истеъмол намудани онҳо вобастагӣ дорад.  

Кӯдаконе, ки синаи модарро мемаканд дар як шабонарӯз метавонанд то панҷ маротиба наҷосат хориҷ кунанд ё дар панҷ шабонарӯз як маротиба наҷосат хориҷ кунанд. Наҷостаи онҳо мулоим буда ранги зард ё хардалмонанд бошад.

Кӯдакони дар ғизои сунъӣ қарордошта одатан 1-2 маротиба дар давоми шабонарӯз наҷосат хориҷ мекунанд. Наҷосати онҳо нисбатан сахт ва рангаш сабзу хокистарранг мебошад.

Дар баъзе кӯдакон аз сабаби номукаммал будани миқдори синаи модар ё аз сабаби он, ки омехтаи шириии сунъӣ нодуруст тайёр карда шуда оби таркиби он нокифоя мебошад, метавонад қабзият пайдо шавад.