Хала (Колики): чи бояд кард?
Агар шумо фикр кунед, ки кӯдаки шумо хала дорад: чи бояд кард?
Қадами аввал ин аст, ки кӯдакро барои муоина ба духтур нишон диҳед. Ин ба шумо имкон медиҳад, то итминон ҳосил кунед, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ кӯдак солим аст. Ин кӯмак мекунад, ки шумо худро ором ҳис кунед.
Илова бар ин, ҳамшираи шафқат метавонад тарзи ғизодиҳии шуморо тафтиш кунад ва ба шумо гӯяд, ки оё шумо метавонед чизеро тағир диҳед. Ҳамшираи шафқат инчунин метавонад ба шумо дар бораи барномаҳои дар сатҳи ҷомеа амалишаванда ва марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак дар минтақаи шумо маслиҳат диҳад.
Ҳамчун модар, шумо барои нигоҳубини фарзандатон, тозагии хонаи худ, рафтан ба кор, харид, хӯрокпазӣ ва ғайра масъул ҳастед, ва ин ба назар осон менамояд. Аммо ин кори номумкин аст. Агар шумо бо кӯшиши аз ҳад зиёд кор кардан ба ҳолати стрессӣ фароед, шумо, оилаатон ва фарзандатон азоб мекашед.
Истироҳат, хоб ва вақти кофӣ барои худ бисер муҳим аст, то ки шумо дар ҳолати хуб бошед ва кӯдакатонро беҳтар нигоҳубин кунед.
Чи тавр бо хала бояд муносибат кард: 10 маслиҳат
Гиря ва нооромӣ як ҷузъи муқаррарии рушди аксари кӯдакон аст. Он бо мурури замон мегузарад. Аммо дар ин ҷо баъзе ақидаҳое ҳастанд, ки метавонанд, давомнокӣ ва шиддатнокии гиря ва изтироби фарзанди шуморо коҳиш диҳад:
- Санҷед, ки фарзандатон бароҳат аст ё не. Бубинед, ки уребчаи ӯро иваз намудан лозим аст, ӯ аз ҳад гарм ва ё хунук шудааст;
- Агар шумо фикр кунед, ки кӯдаки шумо гурусна аст ё ки ғизои охирин зиёда аз ду соат пеш буд, ба ӯ ғизо диҳед.
- Пистонак ва ё синаро пешниҳод кунед. Баъзан кӯдаки шумо гурусна нест, лекин бояд ё ки мехоҳад, ки шир макад. Агар вай 3-4 моҳа ё калонтар бошад, шумо инчунин метавонед ба вай кӯмак кунед ва ангуштонаш ё нарангушташро ба даҳонаш наздик кунед, ки онро макад.
- Бо тифли худ бо нармӣ сӯҳбат кунед, ба ӯ суруд хонед ё мусиқии нармро монед. Вай метавонад танҳо донистан хоҳад, ки шумо дар наздикии ӯ ҳастед ва овози шумо метавонад ӯро ором кунад.
- Кӯдакро оҳиста ҷунбонед, дар бағал гиред ва ё дар тӯрбаи махсус бардоред. Баъзан ҳаракат ва наздик будан ба волидайн метавонад кӯдакро ором кунад.
- Кӯдакро ба сайругашт бо аробача баред. Аммо дар хотир доред, ки кӯдаки худро дар аробача беназорат хобонида намонед.
- Кӯшиш кунед, ки кӯдакро масҳ кунед. Ҳамшираи оилавии шумо метавонад ба шумо тарзи масҳ намудани кӯдакро омӯзонад.
- Кӯдакатонро бо оби ширгарм оббозӣ доронед. Ин метавонад кӯдаки шуморо ором кунад ва ба ӯ дар хоб рафтан кӯмак намояд.
- Бо кам кардани равшании чароғ хонаи хоби кӯдакро мулоим кунед, то ки озурдагироро кам кунад.
- Кӯшиш кунед, ки реҷаи ғизодиҳӣ ва тарзҳои оромкуниро таҳия намоед.
Шумо метавонед озмоиш кунед, то бубинед, ки кадом усулҳо барои вазъияти мушаххаси шумо беҳтаранд. Баъзан усулҳое, ки имрӯз хуб кор мекунанд, метавонанд рӯзи дигар кор накунанд. Агар яке аз ин усулҳо кор накунад ё пас аз муддате ба кор наояд, ягон усули дигарро санҷед.
Ин равандҳо ба таври мӯъҷиза кӯдаки шуморо боз намедоранд, аммо онҳо метавонанд, ки зиндагиро осонтар кунанд.
Шумо наметавонед фарзанди худро бо гирифтан ба даст, оғӯш кардан ё бо ӯ гап задан вайрон кунед. Агар шумо гумон мекунед, ки ӯ гурусна аст, ба кӯдак ғизо диҳед ва ҳангоми гиря кардан ӯро тасаллӣ диҳед.
Дигар усулҳои табобатӣ, ба монанди доруҳо ва омехтаҳои зидди хала, самаранокии худро исбот накардаанд.
Чораҳо ба монанди иловаҳои пробиотикӣ, тағир додани парҳези модар, доруҳои рефлюкс ва тағир додани омехтаҳо хеле кам кафолат медиҳанд ва танҳо пас аз машварат бо духтур, ҷорӣ карда мешаванд.
Кадом вақт ба духтур барои хала муроҷиат кардан лозим аст
Агар шумо гумон кунед, ки фарзанди шумо хала дорад, беҳтараш фавран ба духтур муроҷиат кунед. Агар шумо ба духтур муроҷиат кардед, лекин то ҳол аз рафтори фарзандатон нигарон бошед, метавонед дубора бо духтур сӯҳбат кунед.
Шумо бешубҳа бояд ба духтур дубора муроҷиат кунед, агар:
- стратегияҳо ва усулҳое, ки дар боло тавсиф шудаанд, барои рафъи гиряи кӯдаки шумо кӯмак намекунад;
- фарзанди шумо хаста ва беҳол менамояд;
- фарзанди шумо суст хӯрок мехӯрад ё кам вазн мегирад;
- фарзанди шумо таб дорад;
- фарзанди шумо кайкунӣ ё дарунравии доимӣ дорад;
- шумо аз зарар ва озор додани фарзандатон метарсед;
- шумо бо ягон сабаби дигар нигарон ҳастед.
Санҷиши хала
Санҷишҳо ба монанди таҳлили хун ё рентген дар ҳолатҳои хеле кам мушкилотеро дар кӯдаконе, ки хала доранд, ошкор мекунанд. Кӯдаки шумо танҳо дар ҳолатҳое ба санҷишҳо ниёз дорад, агар духтур фикр кунад, ки фарзанди шумо метавонад беморӣ ё сирояте дошта бошад.
Пешгирии хала
Хала - марҳилаи маъмулие мебошад, ки бештари кӯдакон аз он мегузаранд. Ин маънои онро дорад, ки пешгирии он душвор аст.
Кӯдакони хеле хурдсоле, ки онҳоро зиёдтар дар даст (ё дар халтачаи ба волидайн баста шуда) мебардоранд, ҳатто вақте ки онҳо гиря намекунанд, майли камтар гиря кардан ва камтар ташвиш кашиданро доранд.