Номи маро бигӯ
Маводҳои зарурӣ: Талаб карда намешавад.
Шумо якҷоя чӣ корро ба анҷом расонда метавонед: Барои иҷрои ин кори аҷоиб, ба Шумо танҳо лозим аст, ки тифли худро ба тахтапушт ба рӯйи ҳамвории мулоим ё ба катчааш гузоред. Ҳоло бо фарзандатон сӯҳбат намоед, то ин ки таваҷҷӯҳи ӯро ҷалб намоед. Вақте, ки Шумо ин корро кардед, Шумо метавонед суруди зеринро ба ӯ хонед:
Кани ( номи фарзандатонро талаффуз намоед)?
Кани ( номи фарзандатонро талаффуз намоед)?
“Ана ту”
Баъдан Шумо метавонед онро бо овози баланд ва оромона бигӯед. Усули дигари кӯмак ба фарзандтатон дар шинохтани ном, овози Шумо ва аз куҷо баромадани овоз мебошад. Шумо метавонед дар паҳлӯҳои гуногуни кат ё гавҳора нишаста аз он ҷо суруд хонед. Номи кӯдакро ҳангоми сурудхонӣ талаффуз намоед, то ин ки ӯ ба тарафи Шумо рӯй гардонад ва дар куҷо будани Шуморо бинад. Ҳангоми анҷом додани машғулият ҳамеша ба фарзандатон гуед: “Ман туро дӯст медорам!” (номи фарзадатонро талаффуз намоед) ва ӯро бӯса кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин фаъолият ба фарзанди Шумо кӯмак менамояд, ки номи худро шиносад ва ҳаракати баданро барои ҷавоб додан ба калимаҳои шинос истифода барад.