Ношунавоӣ ва вайроншавии шунавоӣ
Вайроншавии шунавоӣ, ношунавоӣ ва гаронгӯшӣ: ин истилоҳҳо чӣ маъно доранд?
Агар Шумо кӯдаки сустшунаво ё ношунаво дошта бошед, ин маънои онро дорад, ки гӯшҳо тамоми функсияҳои заруриро иҷро намекунанд. Масалан, кӯдак метавонад гаронгӯшӣ дошта бошад ва ё садоҳои муайянро шунида натавонад.
Намудҳои ношунавоӣ ё вайроншавии шунавоӣ
Ношунавоӣ ё вайроншавии шунавоӣ метавонад:
- ҳангоми таваллуд ба амал ояд – ин вайроншавии модарзодии шунавоӣ мебошад.
- пас аз таваллуд сар мешавад – ин вайроншавии пайдошудаи шунавоӣ мебошад.
Ду намуди асосии вайроншавии шунавоӣ вуҷуд дорад - интиқолдиҳанда ва сенсорӣ.
Вайроншавии кондуктивии шунавоӣ – ин ҳолатест, ки кӯдак садоҳоро намешунавад ва ин вайроншавии шунавоӣ одатан дар натиҷаи ҷамъ шудани моеъ дар гӯши миёна бо сабаби сироятҳои гӯши миёна ба вуҷуд меояд ва муваққатӣ аст.
Вайроншавии нейросенсории шунавоӣ – ин ҳолатест, ки асабҳои барои қабули садо ва фаҳмидани маънои он масъул, ба тарзи лозима кор намекунанд. Вайроншавии нейросенсории шунавоӣ метавонад шакли сабук, миёна, вазнин ё ниҳоят вазнин дошта бошад. Вайроншавии нейросенсории шунавоӣ одатан як умр давом мекунад ва метавонад бо мурури замон бадтар шавад.
Вайроншавии омехтаи шунавоӣ – ҳолатест, ки кӯдак ҳам вайроншавии кондуктивӣ ва ҳам вайроншавии нейросенсории шунавоӣ дорад.
Санҷиши универсалии шунавоии навзодон
Скрининги шунавоӣ чист?
Ҳангоми муоина таҷҳизоти махсус ба гӯши кӯдак садоҳои муайяне дода, аксуламали ӯро сабт мекунад. Дар аксари ҳолатҳо, кӯдакон дар таваллудхона муоина карда мешаванд.
Аломатҳои ношунавоӣ ё вайроншавии шунавоӣ
Агар кӯдаки Шумо ношунаво ё сустшунаво бошад, ӯ суханони одамонро намешунавад ва метавонад ба овози Шумо ва дигар садоҳо тавре ки Шумо интизор будед, ҷавоб надиҳад. Вақте ки фарзанди Шумо тадриҷан калон мешавад, Шумо метавонед мушоҳида кунед, ки нутқ ва забони ӯ ба мисли кӯдакони дигар инкишоф намеёбанд.
Дар зер рӯйхат оварда шудааст, ки аз кӯдаки муқаррарӣ инкишофёфта чиро интизор шудан мумкин аст. Агар фарзанди Шумо ҳеҷ яке аз инҳоро иҷро накунад, ба Шумо тавсия дода мешавад, ки ба духтури оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед.
- Аз синни 0 то 4 моҳагӣ кӯдаки Шумо бояд ҳангоми садоҳои баланд ларзад, сарашро гардонад ё чашмонашро ҳаракат диҳад, то манбаи садоро пайдо кунад. Агар ӯ озурда бошад, овози Шуморо шунида, бояд ором шавад.
- Аз синни 4 то 8 моҳагӣ кӯдаки Шумо бояд садоҳои атрофро пайхас кунад, ҳангоми гуфтугӯ бо ӯ табассум кунад, ангунг кунад ва калимаҳои оддиро ба мисли "хайр-хайр" фаҳмад.
- Аз синни 8 то 14 моҳагӣ кӯдаки Шумо бояд ба номаш аҳамият диҳад, калимаҳои оддӣ ба мисли "модар" ва "падар" гӯяд, садоҳои оддиро такрор кунад ва бо овози худ таваҷҷӯҳи атрофиёнро ҷалб кунад.
- Аз синни 14 то 24 моҳагӣ кӯдаки Шумо ба инкишоф додани захираи луғавӣ, фаҳмидан ва риоя кардани дастурҳои оддӣ ва якҷоя кардани ду калимаро оғоз мекунад.
Ҳатто агар ҳама чиз хуб ба назар расад, аммо Шумо ба ҳар ҳол хавотир ҳастед, Шумо бояд ба духтури оилавӣ/педиатр ё мутахассиси махсус муроҷиат кунед. Охир, Шумо фарзанди худро аз хама беҳтар медонед.
Омӯзиши муошират: кӯдакони ношунаво ва сустшунаво
Агар фарзанди Шумо ношунаво ё сустшунаво бошад, ӯ метавонад барои муошират нутқи шифоҳӣ, забони имову ишора ё омезиши забони имову ишора ва нутқро истифода барад.
Барои кӯдакони ношунаво, омӯзиши муошират бо истифода аз нутқи шифоҳӣ як мушкилии воқеан душвор аст. Чунин омӯзиш солҳои зиёдро талаб мекунад ва на ҳамеша натиҷа медиҳад. Муҳимтар аз ҳама барои рушди кӯдак ва муносибати Шумо бо ӯ – ин имконияти муошират кардан аст.
Бисёре аз оилаҳо афзалтар мешуморанд, ки ба фарзандашон гап заданро омӯзанд ва дар айни ҳол забони имову ишораро истифода баранд, новобаста аз он ки кӯдак нутқи шифоҳиро истифода бурда метавонад ё не. Агар оилаи Шумо ин роҳро интихоб кунад, пас Шумо ва дигар аъзоёни оила низ бояд забони имову ишораро омӯзед.
Шумо метавонед бо мутахассисони тиб, ки кӯдаки Шуморо назорат мекунанд, барои гирифтани маълумоти бештар дар тамос шавед ва дар омӯзиши забони имову ишора кӯмак гиред.
Асбобҳои шунавоӣ барои кӯдакони ношунаво ва сустшунаво
Таҷҳизоте мавҷуданд, ки метавонанд ба кӯдак дар шунидани нутқи шифоҳӣ кӯмак расонанд. Вақте ки ӯ онро шунида метавонад, фарзанди Шумо метавонад ба истифода бурдани забон шурӯъ намояд.
Интихоби таҷҳизоти шунавоӣ барои фарзанди Шумо аз намуди вайроншавии шунавоӣ ва дараҷаи вазнинии шунавоӣ вобаста аст. Таҷҳизоте, ки таҷҳизоти баландкунанда ё таҷҳизоти ёрирасони шунавоӣ номида мешаванд, инҳоянд:
- асбобҳои шунавоӣ;
- имплантҳо бо интиқоли устухонӣ;
- имплантҳои кохлеарӣ – асбобҳое мебошанд, ки ба таври ҷарроҳӣ ба одамоне, ки вайроншавии; шунавоии вазнини нейросенсорӣ доранд, ҷойгир карда мешаванд;
- системаҳои инфиродӣ бо модуляцияи басомад (FM).
Кӯдаки Шумо метавонад як асбоб ё маҷмӯи таҷҳизотро истифода барад. Вай инчунин метавонад ин асбобҳоро дар якҷоягӣ бо нутқи шифоҳӣ ва имову ишора истифода барад.
Аксарияти кӯдаконе, ки вайроншавии шунавоӣ доранд, дар ҳарду гӯш аз асбобҳои ёрирасони шунавоӣ истифода мебаранд.
Дахолати барвақтӣ барои кӯдакони ношунаво ва сустшунаво
Чӣ қадаре ки Шумо барвақтар фаҳмед, ки фарзанди Шумо нуқсони шунавоӣ дорад, ҳамон қадар зудтар ӯ метавонад ба дахолати барвақтӣ фаро гирифта шавад ва нутқро барои муошират омӯзад.
Ба ҳайати мутахассисоне, ки ба Шумо ва фарзандатон кӯмак мекунанд, метавонанд аудиолог, нутқшинос/мутахассиси инкишофи нутқ ва муошират, педагог-дефектолог шомил бошанд. Аз пурсидани саволҳое, ки Шуморо ба ташвиш меоранд, хиҷолат накашед.
Вақте ки Шумо дар давоми рӯз бо фарзандатон бозӣ ва муошират мекунед, шунавоӣ ва инкишофи ӯро ҳавасманд менамоед, ин ба ӯ хеле кӯмак мерасонад. Кӯдакон бештар аз шахсоне меомӯзанд, ки ба онҳо нигоҳубин мекунанд ва вақти бештари худро бо онҳо мегузаронанд.
Дар бораи худ ва оилаатон ғамхорӣ кунед
Ҳангоми нигоҳубини кӯдак муҳим аст, ки дар бораи некӯаҳволии худ низ фаромӯш накунед. Агар Шумо аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ худро хуб ҳис кунед, Шумо метавонед кӯдаки худро беҳтар нигоҳубин кунед.
Муошират бо волидони дигар як роҳи олии гирифтани дастгирӣ мебошад. Барои ин, Шумо метавонед дар вохӯриҳои гурӯҳи худёрирасон иштирок кунед.
Агар Шумо фарзандони дигар дошта бошед, пас бародарон ва хоҳарони кӯдакони дорои хусусиятҳои инкишоф бояд эҳсос кунанд, ки онҳо барои Шумо низ муҳиманд - Шумо дар бораи онҳо ғамхорӣ мекунед ва Шумо ба он чизе, ки онҳо аз сар мегузаронанд, таваҷҷӯҳ доред. Бо онҳо сӯҳбат кардан ва якҷоя вақт гузаронидан муҳим аст.