Обкашонҳо
Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Як қошуқ - яктогӣ барои ҳар як бозингар (ё даста), стаканҳои якхелаи баланд - барои ҳар як бозингар (ё даста), як сатил об - барои ҳар як даста.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин бозиро дар кӯча бозӣ кардан мумкин аст. Дар майдонча ду ҷойро дар муқобили якдигар дар масофаи аз 10 то 20 метр муайян кунед. Чӣ қадаре ки масофа зиёд бошад, ҳамон қадар бозӣ душвортар мешавад! Як сатил обро дар як ҷой ҷойгир кунед (якто барои як бозингар / даста). Мизро бо стакан дар ҷои дигар гузоред - як стакан барои як бозингар / даста.
Бо ишораи довар бозингарон ба кор шурӯъ мекунанд - онҳо бояд ҳарчи зудтар бо қошуқ обро аз сатил ба стакан резанд. Агар Шумо бо дастаҳо бозӣ дошта бошед, пас бозингарон ин корро бо навбат анҷом дода, қошуқро ба аъзои навбатии даста медиҳанд.
Аввалин бозингар ё дастае, ки стакани худро пур мекунад, дар бозӣ пирӯз мешавад!
Бо ёрии ин бозӣ, кӯдакон мефаҳманд, ки на танҳо суръат муҳим аст, баъзан бодиққат ва оҳиста амал карда, Шумо метавонед ба чизҳои бештар ноил шавед!
Барои душвортар кардани бозӣ, дар роҳи бозингарон монеаҳо гузоред. Ва барои хушҳолии бештар, тамошобинон метавонанд бозингаронро бо таппончаи обӣ парронанд!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии шавқовар барои кӯдакони ҳамаи синну сол мувофиқ аст ва омӯзиши махсусро талаб намекунад. Бозӣ манбаи лаззат ва ханда буда, ба рушди чолокӣ, мувозинат ва ҳамоҳангсозӣ мусоидат мекунад.