Одатҳои рафторӣ

Бисёре аз кӯдакон одат доранд, ки нохунҳояшонро мехоянд, ангушти худро мемаканд ё биниро мекобанд. Аксар вақт ин одатҳо худ аз худ мегузаранд. Баъзан кӯдак ба кӯмак ниёз дорад, то аз чунин одатҳо даст кашад. Роҳи осонтарин ин аст, ки ба кӯдак оромона хотиррасон кунед ва ӯро таъриф кунед, вақте ки ӯ кореро, ки шумо аз ӯ талаб кардед, иҷро мекунад.
Body
Одатҳо чист?

Одатҳо - рафторе мебошад, ки аксар вақт такрор мешавад, бештар ба таври худкор, бидуни андешаи пешакӣ. Баъзе аз ин рафторҳо дар кӯдакон метавонанд шуморо нороҳат, хашмгин ё асабӣ кунанд, аммо шумо бояд донед, ки онҳо одатан ташвишовар нестанд.

  • Одатҳои кӯдакон аксар вақт амалҳои бефоидаро бо рӯй ё бадан дар бар мегиранд. Кӯдакон метавонанд аз чӣ кор карданашон огоҳ бошанд, эҳсос кунанд, ки ин ба онҳо маъқул аст, аммо на ҳатман ва на ҳамеша.
  • Баъзе аз одатҳои маъмултарин инҳоянд: макидани нарангушт ё пистонак, газидан ё шикастани нохунҳо, печидан ё кашидани тори мӯй, кофтани бинӣ, газидани лабҳо ё пӯсти даруни даҳон, газидани ашё, аз қабили нӯги қалам, либос, ғиҷирроси дандон.
Одатҳо чӣ гуна пайдо мешаванд?
  • Одатҳо метавонанд лаззатбахш ва тасаллибахш бошанд. Макидан яке аз чунин мисолҳо мебошад. Дар кӯдакони хурдсол ин одат метавонад стресс ё изтиробро рафъ кунад.
  • Баъзан одатҳо ҳангоми зиқ шудани кӯдакон пайдо мешаванд. Ин рафтор баъдан ҳамчун як намуди вақтхушӣ хизмат мекунад. Масалан, кӯдакон бештар нохунҳояшонро ҳангоми тамошои телевизор ё бекор будан мехоянд, назар ба вақте ки оиди ягон чиз дар ташвиш бошанд.
  • Баъзан одатҳо бо сабабҳои амалӣ ташаккул меёбанд ва ҳатто вақте ки дигар сабабе барои ин кор вуҷуд надорад, боқӣ мемонанд. Масалан, кӯдакони хурдсоле, ки ҳангоми шамолкашӣ бинии худро мекобанд, пас аз гузаштани он давоми чанд вақт ин корро идома медиҳанд. Агар кӯдак бинии худро кобад, ҳатто пас аз он ки ӯ бинӣ афшонданро ёд гирифт, эҳтимол вай чунин одатро пайдо кардааст.
  • Шумо ба фарзандатон ибрат нишон медиҳед. Агар бинед, ки кӯдак ягон одат пайдо карда истодааст, аввал аз худ пурсед, ки оё шумо чунин одат доред? Баъзе одатҳо бештар дар оилаҳое ба вуҷуд меоянд, ки дар он масалан, одати хоидани нохун вуҷуд дорад.

Баъзе кӯдакон метавонанд рафтори бештар ғайриоддиро нишон диҳанд, ба монанди ҷунбидан дар вақти ягон машғулият, ҳаракат ё ҷунбонидани сар. Аксарияти кӯдакон ин корро қариб ба синни панҷсолагӣ расидан бас мекунанд.

Баъзе рафторҳо метавонанд ба оғози ягон одат монанд бошанд, аммо бо сабабҳои тиббӣ пайдо мешаванд. Дар ин ҳолат, онҳо одатан ногаҳон сар мешаванд ва хусусиятҳои дигар доранд, масалан, кӯдаке, ки ногаҳон ба кашидан ё харошидани гӯши худ шурӯъ мекунад ва ҳангоми ин кор асабонӣ мешавад, эҳтимоли зиёд гирифтори сирояти гӯш аст. Ин метавонад ба рафтор ҳангоми дандонбарорӣ ва ғайра монанд бошад.

Даст кашидан аз одатҳо

Аксарияти ин рафторҳо худ аз худ қатъ мешаванд. Агар ин рафтор ба фаъолияти ҳаррӯзаи кӯдак халал расонад ё осебпазир бошад, ягон чора андешидан лозим аст.

Масалан, макидани ангушт ҳолати маъмул ва хеле муқаррарӣ аст. Аммо агар кӯдак аксар вақт нарангушти худро макад ё аз барои ин масалан, дар вақти гапзанӣ ва хӯрокхӯрӣ душворӣ кашад, ва ё боиси тамасхури ҳамсолон гардад, беҳтар аст, ки бо ин одат чорае андешед. Дар аввал ин амалҳоро истифода бурда метавонед:

  • Бо фарзандатон маслиҳат кунед, ки барои аз ин одат халос шудан ба ӯ кӯмак мерасонед. Фаҳмонед, ки чаро шумо ин корро мекунед.
  • Дафъаи дигар агар шумо бинед, ки фарзандатон ба чунин кор машғул аст, оромона ба ӯ гӯед, ки бас кунад. Вақте ки ӯ хоҳиши шуморо иҷро мекунад, ӯро таъриф кунед.
  • Агар ин рафтор бештар дар вақти бекор будани кўдак ба вуҷуд ояд, ўро бо ягон чиз банд кунед.

Агар ин одатҳо сарфи назар аз кӯшишҳои шумо қатъ нашаванд, ба фаъолият халал расонанд ё боиси ҷароҳат шаванд (масалан, макидани шадиди ангуштон метавонад ба рушди дандон таъсири манфӣ расонад, агар он зиёда аз се сол давом кунад), ба кӯмаки мутахассис муроҷиат кунед. Агар шубҳае вуҷуд дошта бошад, ки чунин рафтор як зуҳури изтироб аст, ба кӯмаки равонӣ муроҷиат кардан лозим аст.

Баъзан ин рафтор чун ихтилоҷ/тик ба назар менамояд. Ихтилоҷ/Тик – ин ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ, такроршаванда ва ногаҳонӣ мебошанд, ки бо сабабҳои тамоман дигар ба вуҷул меоянд. Дар аксари мавридҳо тик - ҳаракатҳои оддӣ мебошанд (нимпӯш кардани чашмон, бештар чашмзанӣ, ларзидани бинӣ ва ғ.) Ин ҳолат одатан муваққатӣ аст. Агар чунин зуҳурот муддати тӯлонӣ боқӣ монад, агар онҳо аён ё хусусияти мураккабтар дошта бошанд, шумо бояд ба духтури оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед.