Офтобзанӣ ва пешгирии он
Офтобзанӣ метавонад ба таври ғайричашмдошт рух диҳад, хусусан агар кӯдак дар зери офтоб фаъол бошад, илова бар он офтобзании деррасида дар кӯдакон бештар маъмул аст; он метавонад чанд соат пас аз дар зери офтоб будан рӯй диҳад – бегоҳӣ пеш аз хоб ё ҳангоми хоб.
Аломатҳои офтобзанӣ
Аломатҳои офтобзанӣ метавонанд бармаҳал ё деррасида бошанд. Аломатҳои офтобзании бармаҳал инҳоянд:
- ногаҳон суст шудани кӯдак
- сархчархзанӣ
- дарди сар
- дилбеҳузурӣ
- қайкунӣ
- хоболудӣ
- баланд шудани ҳарорати бадан
- арақкунии зиёд
- ларза
Чӣ қадаре ки кӯдак хурдтар бошад, ин нишонаҳо ҳамон қадар зиёдтар мешаванд ва эҳтимолияти пайдоиши асоратҳо баландтар аст.
Дар мавриди офтобзании "деррасида" нишонаҳо сусттар пайдо мешаванд, онҳо камтар шадиданд, вале тӯлонитар давом мекунанд. Кӯдакон гарм ва сурх мешаванд; онҳо ба назар бемор мерасанд, аз ин рӯ волидон аксар вақт ошуфта мешаванд ва фикр мекунанд, ки ин як навъ сироят аст. Кӯдакони хурдсол инҷиқ мешаванд – онҳо бе ягон сабаб гиря мекунанд. Дар кӯдакони калонтар одатан дилбеҳузурӣ (баъзан қайкунӣ), тағйирёбии кайфият ва бехобӣ мушоҳида мешавад. Чун қоида, ҳарорати бадан баланд мешавад.
Пешгирии офтобзанӣ
- Аз дараҷаи афканиши нурҳои ултрабунафш дар пешгӯии обу ҳаво огоҳ шавед (аз телевизион ё барномаи смартфони худ) ва тавсияҳоро риоя кунед, агар онҳо пешниҳод шуда бошанд.
- Тавсия дода мешавад, ки кӯдакони хурдсол то соати 10:00 ва баъд аз соати 17:00 дар зери офтоб бошанд ва вобаста ба синну сол аз малҳамҳои муҳофизаткунанда аз офтоб дорои омили баланди муҳофизатӣ (SPF 30 ё 50) истифода баранд.
- Ҳангоме ки офтоб то ҳадди баланд нурафшонӣ мекунад, бо фарзандатон дар соя ё дар ҷои хуб шамол додашаванда бошед.
- Ба кӯдаки худ либоси рангаш равшан аз матоъи табиӣ пӯшонед.
- Ба сараш кулоҳ ё панама пӯшонед.
- Дар давоми рӯз ба фарзандатон моеъи бисёр диҳед.
- Ба ӯ тез-тез хӯрок диҳед, дар ҳоле ки хӯрок сабук ва на он қадар серғизо бошад.
- Агар шумо дар гармтарин вақти рӯз дар кӯча бошед, боварӣ ҳосил кунед, ки фарзанди шумо камтар фаъол бошад, камтар давад ва ҷаҳад, то аз ҳад зиёд гарм нашавад.
- Кӯдакро гоҳ-гоҳ бо об хунук кунед – рӯяшро шӯед, сару пой ва дастҳояшро тар кунед.