Оилаи ман
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Сурати аъзоёни оила; қалами ранга ва ручка
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз ҳама, кӯрпа ё гилемчаро ба фарш густурда, ҷой омода кунед. Ҳама чизҳоеро, ки ба Шумо лозиманд, болои кат ташкил намудан мумкин аст. Барои боз ҳам қулайтар шудан, номи ҳар як аъзои оиларо дар паси ҳар як сурат нависед.
Сипас кӯдакро дар ҷойи омодакардаатон гузоред. Агар кӯдаки Шумо ҳанӯз хуб нишаста натавонад, барои нигоҳдории ӯ болиштҳоро истифода баред. Дар назди кӯдак нишаста ба ӯ аксҳоро нишон диҳед ва номи онҳоеро, ки дар онҳо сурат ҳастанд, хонед. Вақте ки Шумо дар бораи шахси дар аксбуда нақл мекунед, бигзор кӯдаки Шумо аққалан 30 сония ба акс нигоҳ кунад. Пас аз 30 сония, акси дигарро нишон диҳед ва ҳамин амалро такрор кунед.
То он даме, ки кӯдак дилгир нашавад, нишон додани аксҳои гуногунро идома диҳед. Шумо метавонед ин машқро 2 ё 3 маротиба дар як ҳафта такрор кунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо кӯмаки ин машқи оддӣ кӯдаки Шумо чеҳраи аъзоёни оилаи Шуморо дар хотир гирифта, ба ҳар яки онҳо дилбастагии мустаҳкам пайдо мекунад.