Омодагӣ ба берун баромадан
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз
Машғулият аз чӣ иборат аст: Ҳангоми ба кӯча баромадан (бозӣ кардан, харид кардан ва ғайра), гоҳ-гоҳ ба тариқи бозӣ ба берун баромадан омода шавед. Шумо метавонед ба кӯдак гӯед: “Биё ба кӯча баромадан омода шавем. Ту метавони кулоҳ ва тӯбро гири?". Ба кӯдаки худ ду ё се дархост ё супориши оддиро пешниҳод кунед. Иҷроиши онҳо барои ӯ ҷолиб хоҳад буд ва инчунин фаҳмишро ба вуҷуд меорад, ки пеш аз фароғат корҳои ҳатмӣ бояд анҷом дода шаванд. Барои ин ба фарзандатон ташаккур гӯед. Ҳар дафъа ба кӯдакатон барои иҷрои он чизе, ки хоҳиш мекунед, ташаккур гӯед.
Дар давоми машғулиятҳои ҳаррӯза, Шумо метавонед ба фарзандатон бо додани дастурҳои оддӣ дар иҷрои корҳои хона ёрӣ диҳед - масалан, вақте ки ӯ ба хоб омода мешавад ("Лутфан, чуткаи дандоншуйро гир ва обро кушо").
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Тавассути ин машғулият тафаккури фарзанди Шумо беҳтар мегардад ва ӯ дар як вақт аз ёд кардани якчанд дархостро ёд мегирад. Илова бар ин, ӯ беҳтар фаҳмидани калимаҳо ва ҷумлаҳоро меомӯзад, ки ин ба инкишофи нутқ мусоидат мекунад.