Омӯзиши бехатари ашёҳо

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ашёҳое, ки бо он фарзанди Шумо бозӣ мекунад ва меомӯзад, инчунин ду қуттӣ.

Машғулият аз чӣ иборат аст: Ин вақти шавқовар барои фарзанди Шумо мебошад! Ӯ бо ҳавас ва бомаҳорат тамоми ашёҳои имконпазирро таҳқиқ менамояд, аммо онҳоро ҳоло ҳам ба даҳон мегузорад. Ин ба ӯ ҳиссиёти форам мебахшад ва ин як воситаи дигари омӯзиши дунё аст. Нафасгирӣ ё фурӯ бурдани ашёҳо хатари ҷиддӣ барои фарзанди Шумо аст.

Амалҳое, вуҷуд доранд, ки Шумо онро иҷро карда метавонед! Масалан Шумо метавонед, ашёҳое, ки фарзандатон таҳқиқ намуданро дӯст медорад ҷамъ намоед (бозичаҳо ва дигар ашёҳо дар хона). Бинед, ки кадоме аз онҳо хурд ҳастанду хатарнок буда метавонанд. Эҳтимол Шумо метавонед онҳоро дар як қуттӣ дар ҷойи бехатар гузоред ва аз он ҷой онҳоро метавонед танҳо дар мавриди дар назди фарзандотон будан бароред.

Дигар ашёҳое, ки дар “Қуттӣ барои таҳқиқ” ҳастанд, онҳоро фарзанди Шумо метавонад чӣ қадаре, ки хоҳад гирифта партояд, таҳқиқ намояд ва ба даҳон гузорад. Ҳатман ҳангоми таҳқиқи ашёҳо аз пайи кӯдак мушоҳида намуда бо ӯ сӯҳбат намоед: “Бин ту чӣ ёфтӣ! Ин қошуқча аст. Ваҳ ту бо он кӯфта истодаӣ!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар ин синну сол барои фарзанди Шумо воситаи муҳими  дарки дунё - ин таҳқиқи ашёҳо мебошад. Ин ба чӣ монанд аст? Ин ашё аз рӯи ламсаш  якхела аст? Маззаи он чӣ хел аст? Он сахт аст? Мулоим аст? Онро зер кардан осон аст? Ман бо ин чӣ кор карда метавонам? Бо он зарба занам? Даст афшонам? Ашёҳои таҳқиқшавандаро бехатар карда, Шумо инкишофи ҳиссиёти ӯро дастгирӣ менамоед ва малакаҳои фикрронии ӯро мустаҳкам мекунед. Сӯҳбати Шумо арзиши иловагӣ пайдо менамояд, чунки Шумо ба фарзандатон нақл мекунед, ки ӯ чӣ кор карда истодааст.