Оркестри хонагӣ
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Дегҳо; Шаклҳо барои пухтупаз; Кӯзаҳои пластикӣ; Қошуқҳои оҳанин; қошуқҳои чӯбӣ; Ҳолача; Шиша; Об; Тасмаҳои резинӣ; Қуттии пойафзол
Машғулият аз чӣ иборат аст:
Қадами 1

Ба ҳамаи ин ашёҳо назар афканед ва кӯдаконро даъват кунед, ки бо онҳо "бозӣ" кунанд. Кӯзаҳо ва дегҳои оҳанӣ асоси қисмати гурзандозӣ хоҳанд буд. Бигзор онҳо дида бароянд, ки - ҳар як "асбоб" чӣ гуна садо медиҳад, агар онҳоро бо ашёи чӯбӣ ё оҳанӣ кӯбед.
Қадами 2

Шишаҳои шишагини андозаашон гуногунро бо миқдори гуногун об пур кунед. Ба гардани шиша сахт дам занед, садои «хуштак»-ро мешунавед. Шумо инчунин метавонед шишаи пластикии барои шир ё соус пешбинишударо истифода баред, аммо шиша беҳтар аст. Акнун Шумо асбобщои нафась низ доред. Инчунин метавонед ба онҳо бо қошуқ занед – он ба монанди ксилофон мешавад.
Қадами 3

Баъзе тасмаҳои резиниро аз болои сандуқи пойафзол кашед. Шумо метавонед сӯрохи доирашаклро дар маркази қуттӣ буред, мисли он ки дар гитара аст. Тасмаҳои резинии ғафсиаш гуногун оҳангҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд ва садо низ вобаста ба андозаи қуттӣ ҳам фарқ мекунад. Алҳол оркестри Шумо бахши асбобҳои ториро дорад.
Қадами 4

Кӯдакон метавонанд дар оркестр ва бо ёрии дастгоҳҳои барқӣ (зери назорати калонсолон) қисмҳои гуногунро иҷро кунанд. Миксерҳо, чойникҳо, чангкашакҳо ва мошинҳои ҷомашӯӣ барои машқҳои мусиқи садои аъло фароҳам меоранд.
Оё шумо медонед, ки калимаи "оркестр" аз калимаи юнонии "рақсидан" сарчашма мегирад? Ҳангоми иҷрои мусиқӣ, лаззати худро инкор накунед ва рақс кунед!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдакон садои баланд бароварданро дӯст медоранд! Ба онҳо имконият диҳед, то садои кофӣ бардоранд, то ки фаҳманд, кадом чиз чӣ гуна садоҳо мебарорад ва бо кадом ҳаҷм фарқ мекунанд. Ин ба кӯдакон имкон медиҳад, ки дар бораи чӣ гуна овозҳо мебароянд ва мусиқӣ эҷод меёбад ва ҳамчунин оид ба он ки кадом чиз чӣ гуна садоҳо мебарорад фахманд.