Откриткаҳои махсус барои одамони махсус

Ба шумо чӣ лозим мешавад: Қоғаз (оддӣ ё ранга), қалам, бӯр ё фломастерҳо; дилхоҳ маводҳои дигаре, ки Шумо доред ва онро барои ороиши откритка итсифода бурда мешавад (пораҳои риштаи ранга барои часпондан, стикерҳо, расмҳо аз маҷаллаҳо ва ғ.)

Шумо якҷоя чӣ кор карда метавонед: Сохтани откритка барои аъзои оила ё дигар шахси наздик – ин машғулияте мебошад, ки фарзанди Шуморо барои шурӯъ кардани навиштани якчанд ҳарфи алифбо ё кашидани ягон чизи оддӣ водор мекунад. Ҷойи мувофиқро барои кори якҷоя пайдо кунед. Шумо метавонед аз пурсидани фарзандатон оғоз кунед: “Мо барои бибиат откритка месозем. Ба фикри ту, мо дар откритка чӣ менависем?". Агар фарзанди Шумо фикре дошта бошад, онро дар открытка нависед. Сипас аз ӯ хоҳиш кунед, ки чизе нависад. Дар ин синну сол, кӯдак метавонад танҳо чанд ҳарф ё як қисми номи худашро нависад. Шумо метавонед номи кӯдакро нависед ва аз ӯ хоҳиш кунед, ки як ҳарфро нусхабардорӣ кунад. Натиҷаи кор чӣ тавре, ки набошад, ӯро таъриф намоед: "Мо як открыткаи зебо сохтаем. Бибият хурсанд мешаванд! Он кас мебинанд, ки ту чӣ навишти! Мехоҳӣ барои бибият расм каши?". Инро ба сатҳи маҳорат ва шавқи фарзанди худ мутобиқ кунед. Откриткаҳои оддиро зуд-зуд омода кунед, то ки ин ба як чизи маъмулӣ табдил ёбад (Шумо инчунин метавонед откритаро барои ба тааҷҷуб овардани фарзандатон созед!).

Рӯйхати харидҳое, ки Шумо якҷоя тартиб медиҳед, метавонад, боз як воситаи ҳавасманд кардани нависандаи ҷавон бошад - Шумо метавонед ягон чизро нависед ва аз фарзандатон пурсед, ки оё ӯ мехоҳад ин калимаро нависед ё шояд ягон чизи дигарро навиштан мехоҳад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин яке аз машғулиятҳои зиёде мебошад, ки ба фарзанди Щумо навиштанро ёд медиҳад. Фарзанди Шумо мебинад, ки навиштан як ҳадаф дорад ва он метавонад ба дигарон ҳаловат бахшад ва инчунин машғулияти гуворо бошад. Ва албатта, ин фаъолият ба эҷодиёти фарзанди Шумо мусоидат мекунад, вақте ки Шумо дар якҷоягӣ дар бораи чӣ гуна зебо оро додани откритка кор мекунед.