Овозҳои ҳайвонот
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Китоб ё китобҳо бо тасвири ҳайвоноти гуногун (маслан, ҳайвонҳои хонагӣ).
Машғулият аз чӣ иборат аст: Кӯшиш кунед, ки бо фарзандатон он овозҳое, ки ҳайвонҳо мебароранд , айнан такрор намоед. Шумо метавонед якҷоя ба сурати ҳайвон ё ҳайвони воқеӣ нигоҳ кунед ва аз кӯдак пурсед: "Ин ҳайвон (масалан, гурба) чӣ мегӯяд?" Шумо метавонед аввалин шуда садоҳоро талаффуз кунед ё фарзандатон метавонад ин садоҳоро донад ва талаффуз кунад. Шумо инчунин метавонед бо навбат бигӯед: "Ман садоҳои ___ талаффуз мекунам. Ҳоло ту ҳам низ садоро талаффуз кун!" Суратҳо ба фарзандатон кумак мекунанд, ки ҳайвонро бо садоҳо пайваст созад. Барои мураккаб кардани вазифа, шумо метавонед аввал садоҳои ҳайвонотро талаффуз кунед ва сипас ба кӯдак тасвирҳои якчанд ҳайвонҳоро нишон диҳед ва пурсед: "Кадом ҳайвон ин овозҳоро мебарорад (масалан, Мууу)?"
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Вай ба пайваст кардани чизҳои воқеӣ (ҳайвонот) бо садоҳояшон оғоз мекунад. Кӯдак инчунин робитаеро байни тасвирҳо ва ашёи воқеӣ (тасвири ҳайвонот ва ҳайвоноти воқеӣ) муайян мекунад. Ҳамаи ин ба рушди тафаккур, нутқ ва саводи барвақтии кӯдак мусоидат мекунад.