Оё Шумо метавонед рафтори кӯдакро вайрон кунед?
Оё Шумо метавонед рафтори кӯдакро вайрон кунед?
Ҷавоб: "Не!"
Агар Шумо хавотир бошед, ки ба кӯдаки худ аз ҳад зиёд таваҷҷӯҳ зоҳир мекунед ё хешовандонатон Шуморо огоҳ мекунанд, ки Шумо бо ин амали худ рафтори кӯдакро вайрон кунед ё ӯро эрка кунед, пас дар хотир доред, ки кӯдак комилан аз шахсони калонсол вобаста аст ва ба нигоҳубину таваҷҷӯҳ ниёз дорад.
Агар Шумо ба эҳтиёҷоти ӯ ҷавоб диҳед, пас дар кӯдаки худ одатҳои бадро ташаккул намедиҳед. Кӯдакон нақшаи пешакӣ надоранд: "То чизи дилхоҳамро гирифтан, гиря мекунам!"
Агар кӯдаки Шумо хавотир бошад ва гиря кунад, ин сабаб дорад. Масалан ӯ хунук мехӯрад ё гурусна аст, уребчаи ифлос дорад, ё ягон ҷояш дард мекунад ва ё кӯдак танҳо мехоҳад, ки Шумо дар бараш бошед.
Барои чӣ ҷавоб додан ба кӯдак муҳим аст.
Чун қоида шахсони наздики калонсолон қобилият доранд, то ки тамоми талаботҳои кӯдаки хурдсолро қонеъ кунанд.
Вақте ки кӯдакони навзод дар синни бармаҳал муносибатҳои наздик ва ғамхоронаро инкишоф медиҳанд ва нигоҳ медоранд, онҳо зуд ба волидайни худ пайвандҳои умедбахш пайдо мекунанд. Кӯдаконе, ки дар солҳои аввали ҳаёташон бо шахсони калонсол робитаи мустаҳкам доранд, бо эҳтимоли зиёд дар солҳои томактабӣ бо стресс хубтар мубориза мебаранд. Чунин кӯдакон қобилияти беҳтар инкишоф додани муносибатҳои байнишахсӣ бо одамони дигарро доранд. Бо боварии зиёд гуфтан мумкин аст, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва эҳсосӣ онҳо солимтар мешаванд.
Қобилияти бунёд кардан ва нигоҳ доштани муносибат дар байни Шумо ва фарзандатон дар ташаккули ҳисси эҳсосотӣ ва салоҳияти волидайнӣ кӯмак мекунад.
Мувозинат дар байни риояи реҷаи рӯз ва чандир будан
Дар давоми моҳҳои аввали ҳаёт муҳим аст, ки кӯдак худро дар муҳити бехатар эҳсос кунад. Инро дар сурати пайваста ва оромона ба ниёзҳои ӯ посух додан ба даст овардан мумкин аст. Аксарияти кӯдакони навзод ҳанӯз ҷадвали мушаххаси хоби рӯзона ва шабона надоранд. Чун қоида, чунин тартиб каме дертар муқаррар карда мешавад.
Ҳар як оила дорои анъана ва муносибатҳои худ мебошад. Баъзе волидайн мефаҳманд, ки тарзи табиии ғизодиҳӣ, хоб ва бозӣ барои рушди босуръати фарзандашон мусоид аст. Дигарон боварӣ доранд, ки риояи реҷаи қатъии ҳаррӯза ба волидон дар назорат кардани тағйирот дар рушди кӯдакашон кӯмак мекунад.
Дар байни 6 то 12 моҳ кӯдаки Шумо назорат кардани рафтори худро меомӯзад. Ин вақти хуб барои оғози ба роҳ мондани қоидаҳо ва маҳдудиятҳои асосие, ки барои омӯзиши рафтори иҷтимоии фарзанди Шумо дар оянда асос хоҳанд буд, мебошад.
Хоби кӯдак: чиро интизор шудан мумкин аст
Агар Шумо хавотир бошед, ки бо додани диққати зиёд реҷаи кӯдаки худро вайрон мекунед (махсусан, агар ӯро ором кардан душвор бошад), пас донистани Шумо дар бораи хусусиятҳои хоби кӯдакони навзод муфид мебошад.
Гарчанде, ки кӯдакони навзод дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 16 соат хоб мекунанд, кӯдаки Шумо метавонад муддати кӯтоҳ хоб кунад ва зуд-зуд бедор шавад. Дар давоми чанд ҳафтаи аввали ҳаёти кӯдаки Шумо, яъне то шинос шудани Шумову кӯдакатон, Шумо метавонед роҳҳои ором кардани ӯро интихоб намуда омӯзед ва ба ин васила тадриҷан ба ӯ кӯмак намоед, ки ӯ муддати тӯлонӣ хобад. Масалан Шумо метавонед кӯдаки худро пеш аз хоб кардан бо парпеч печонда мусиқии форамро пайваст намоед ё пеш аз хоб ба ӯ суруди алла хонед. Оҳиста-оҳиста Шумо фарзанди худро аз дигарон беҳтар мешиносед.
Ғизодиҳӣ: чиро интизор шудан мумкин аст
Агар Шумо ҳис кунед, ки кӯдаки навзоди Шумо ҳамеша аз гуруснагиаш гиря мекунад, Шумо эҳтимол ҳақ ҳастед!
Дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои аввали ҳаёт, кӯдакон одатан бояд ҳар 2-4 соат ғизо дода шаванд. Фаҳмидани сигналҳои фарзандатон ва қонеъ гардидани талаботҳои ӯ ҷузъҳои калидӣ дар мавриди эҷод кардани муносибат мебошад.
Дар хотир доред, ки дар аксари кӯдакони навзод дар давоми чанд ҳафтаи аввали ҳаёт реҷаи муайяни ғизогирӣ аз рӯи талабот инкишоф меёбад. Оҳиста-оҳиста кӯдакон ба реҷае мегузаранд, ки мувофиқи он рӯзона қисми зиёди ғизои ҳаррӯзаро мегиранд ва шабона бошад қисми камтари онро қабул мекунанд.
Вақти ором ва хушбахтонаи ғизодиҳӣ - имконияти хуб барои наздик шудани Шумо бо кӯдак ва эҷод кардани муносибатҳои гарму эътимодбахш, ки барои рушди кӯдаки Шумо хеле муҳим мебошад.
Аз ин рӯ, агар дӯстонатон ё хешовандон ба Шумо гӯянд, ки кӯдакро эрка накунед, ба салоҳияти волидайнии худ боварӣ дошта бошед. Шумо метавонед ба онҳо ҷавоб диҳед: "Ман ба фарзандам он чизеро медиҳам, ки ӯ дар муҳити бехатару хушбахт ба воя расида дар борабари ин хуб ташаккул ёбад".