Парвози хаёлот

Ба шумо чӣ лозим меояд: Ҳеҷ чиз

Фаъолият аз чи иборат аст: Бо кӯдакон сӯҳбат кунед, ки чӣ мешуд агар парвоз кардан мумкин мебуд. Онҳо ба куҷо парвоз мекарданд? Шумо чиро медидед? Бо кадом суръат парвоз мекардед?

Шояд онҳо кӯшиш мекунанд тасаввур кунанд, ки дар Моҳ будан чӣ гуна хоҳад буд, ё шояд ин қобилияти доштаашонро онҳо барои наҷоти ҳайвонот истифода мебурданд.

Ҳама чизро муфассал муҳокима кунед - бигзор кӯдак тасаввур кунад, ки ҳаво дар баландии 5000 метр чӣ гуна аст, бӯи он чӣ гуна аст? Ҳиссиёт дар ин ҳолат чӣ гуна аст? Ҷавобҳои хато вуҷуд надоранд, охир ин парвози хаёлот аст!

Оё шумо медонед, ки паррандаи аз ҳама тез мепаридагӣ дар ҷаҳон - Сапсан аст? Ин паррандаҳои аҷиб метавонанд дар як соат то 380 километр суръати худро ба рушд диҳанд!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Кӯдаконе, ки тасаввуроти васеъ ва бой доранд, дар бораи имконияти парвоз кардан ва аз тассавур кардани парвоз, лаззат мебаранд! Ин фаъолият барои рушди муошират мусоидат мекунад, кӯдакон лаёқати муошират оид ба андешаҳо, ҳиссиёт ва хаёлоти худ меомӯзанд.