Пас аз ман такрор кун

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ҳеҷ чиз

Машғулият аз чӣ иборат аст: Барои ин машғулият, Шумо метавонед ҳамаи лаҳзаҳои рӯ ба рӯ бо кӯдак истифода баред, масалан, ҳангоми иваз кардани уребча ва ғ. Таваҷҷӯҳи кӯдакро бо пурсидани ҷалб кунед:  "Он ба чӣ монанд аст ...?" ва чеҳраи мувофиқро ифода кунед, масалан, ба монанди моҳӣ: рухсораҳоятонро кашида, лабҳоятонро ҳаракат диҳед. Шумо метавонед номҳои эҳсосоти гуногунро талаффуз кунед ва нишон диҳед (ғамгинӣ, шодӣ, хастагӣ, ҳарос), инчунин ҳаракатҳои сар (ҷунбондани сар як тараф ба дигар тарафа) ва ҳаракатҳои даст (чапак задан, даст афшондан). Бигзор кӯдак шуморо мушоҳида кунад.  Бубинед, ки оё кӯдак мехоҳад шуморо такрор кунад ... Саросема нашавед, ҳаракатҳо ва ифодаҳои рӯйро якчанд маротиба такрор кунед. Фарзадатонро бо суханони содда ва фаҳмо ташвиқ кунед: "Биё, кӯшиш кун!" ё (агар фарзанди Шумо каме калонтар бошад): « Оё ту мисли моҳӣ карда метавони? Ба ман нишон те!" Вақте ки фарзандатон ифодаи рӯй ва ё ҳаракатро такрор мекунад, ҳамеша коре кунед, бигӯед, зеро бо ин роҳ рушди нутқи ӯро ташвиқ кунед. Ғайр аз ин, ба ҳаракатҳо ё ифодаи чеҳраи фарзанди худ тақлид кунед, гӯед, ки онҳо чӣ ном доранд.

Фарзанди Шумо чӣро меомӯзад: Шумо ба фарзандатон кӯмак мекунед, ки дастурҳои оддиро риоя кунад. Ин як қадами муҳим дар рушди тафаккур, нутқ ва рушди иҷтимоию эҳсосотии ӯ мебошад.