Пас аз модар ва падар такрор мекунем

Ба шумо чӣ лозим мешавад: Кайфияти болида!

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин фаъолият барои ҳама гуна вазъият ё ҳолат мувофиқ аст – танҳо ба Шумо лозим аст, ки кӯдаки худро бароҳат хобонед ё шинонед, то ки бо ӯ рӯ ба рӯ бошед.

Вақте ки таваҷҷӯҳи кӯдак ба шумост, кӯшиш кунед, ки чеҳра ва қиёфаҳои ҳархела кунед ва садоҳои гуногун бароред ва аксуламали кӯдакро интизор шавед.

Ин аст он чизе ки Шумо метавонед анҷом диҳед:

  1. Ба кӯдаки худ суруд хонед, махсусан даҳони худро ба қадри имкон фаъолона ҳаракат диҳед.
  2. Ба қадри имкон бо шиддат мижа занед.
  3. Забони худро берун бароред.
  4. Лабу рӯйро бурма кунед.
  5. Лабҳои худро фишурда садоҳо бароред. Сулфа кунед, хамёза кашед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо воситаи ин машқ фарзанди Шумо фарқ кардани тарҳи рӯйро ёд мегирад. Ин рушди биниш ва шунавоиро ҳавасманд мекунад ва ба ӯ имкон медиҳад, ки ҷаҳонро бароҳат ва хушҳол кашф кунад.