Пас аз таваллуди пеш аз муҳлат: эҳсосоти Шумо

Пас аз таваллуди кӯдаки норасид одатан эҳсосоти мусбат ва манфӣ ба вуҷуд меоянд. Барои мубориза бурдан бо эҳсосоти манфӣ, Шумо бояд онҳоро қабул кунед ва бо ягон кас сӯҳбат кунед. Муваффақиятҳо ва нокомиҳо як чизи муқаррарӣ мебошанд, аммо кӯшиш кунед, ки ба муваффақиятҳо ва дастовардҳои кӯдак диққат диҳед. Вақте ки Шумо дар бораи саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии худ ғамхорӣ зоҳир мекунед, Шумо метавонед ба кӯдаки худ беҳтар ғамхорӣ кунед.
Body
Эҳсосоти Шумо пас аз таваллуди пеш аз мӯҳлат: чиро бояд интизор шуд

Таваллуди бармаҳал метавонад эътимоди Шуморо ба ҷаҳон такон диҳад. Баъзан эҳсосоти омехтаи зиддиятнок доштан - муқаррарӣ аст. Албатта, дар ботини Шумо эҳсосоти мусбат аз ҷумла, хурсандӣ ва муҳаббат ба кӯдак низ пайдо мешавад.

Аксар вақт занон ҳайрон мешаванд, ки чаро ин ҳодиса рӯй дод ва чӣ боиси таваллуди бармаҳал шуд. Ин таҷриба метавонад дар ботини Шумо ҳисси нотавонӣ, ғамгинӣ, гунаҳкорӣ, изтиробнокӣ ва осебпазириро бедор намояд.

Бисёриҳо воқеияти ҳодисаро эҳсос намекунанд. Дар чунин вазъият ҳисси беқувватӣ ё аз даст додани назорати фаъолияти оянда хеле осон аст. Дар мавриде, ки кӯдак дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад, барои баъзе волидон фаҳмидан душвор аст, ки бо онҳо ва кӯдакашон чи ҳодиса рӯй дода истодааст.

Барои бисёре аз модарон, рӯзи ҷавобшавӣ аз беморхона хеле душвор аст, зеро вақте ки ба хона мераванд, онҳо ҷудоиро аз кӯдак бештар эҳсос мекунанд.

Бо мурури замон, мушкилот камтар шуда ҳалли онҳо осонтар мешавад. Вақте ки кӯдаки Шумо қавитар ва устувортар мешавад, Шумо метавонед ӯро бештар ба оғӯш гирифта нигоҳубин кунед. Ҳамаи ин ба Шумо кӯмак мекунад, ки ба худ боварии бештар ҳосил кунед, изтиробро коҳиш диҳед ва бо кӯдаки худ робитаи беҳтар барқарор кунед.

Чӣ тавр бо изтироби дар заминаи таваллуди пеш аз мӯҳлат пайдошуда мубориза бурдан мумкин аст: маслиҳатҳо

Инак якчанд ғояҳое, ки ба Шумо барои мубориза бо эҳсосоти манфӣ ва беҳтар ҳис кардан кӯмак мекунанд.

Кор бо ҳиссиёт
  • Эҳсосоти худро, новобаста аз он ки онҳо чӣ гунаанд қабул кунед - онҳоро рад накунед. Эътироф кардани эҳсосоти худ як таҷрибаи солим аст.
  • Бо касе дар бораи эҳсосоти худ сӯҳбат кунед. Ин метавонад ҳамсар, аъзои оила, дӯсти боэътимод ё мутахассис бошад.
  • Он усуле, ки шавҳаратон аз уҳдаи аз ҳолати изтироб баромадан истифода мебарад, Шумо низ метавонед истифода баред, дар сурате, ки он усул аз усули Шумо фарқ кунад. Бигзор вай он чиро, ки худаш мувофиқ медонад, иҷро кунад, ба якдигар дар бораи ҳиссиёт суҳбат кунед ва якдигарро гӯш кунед.
Ғамхорӣ нисбат ба худ
  • Хӯрокҳои солим бихӯред, аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол бошед, то ҳадди имкон истироҳат кунед ва барои чизҳое, ки ба Шумо маъқул аст, вақт ҷудо кунед.
  • Дар атрофи худ одамонеро ҷамъ кунед, ки ба Шумо эҳсосоти мусбӣ медиҳанд.
  • То ҳадди имкон аз стресси нолозим худдорӣ намоед. Бо мурури замон танаффус кунед, то барои худ коре кунед.
  • Ҳар рӯз барои истироҳат ҳатто агар танҳо чанд дақиқа бошад ҳам вақт пайдо кунед. Шумо метавонед машқҳои нафаскаши кунед, мусиқии дӯстдоштаатонро гӯш кунед ё ба сайру гашт равед.
Ҳамроҳи кӯдак будан
  • Муваффақиятҳо, лаҳзаҳои мусбӣ ва дастовардҳои худ ва кӯдакатонро ҷашн гиред. Сарфи назар аз он, ки кӯдак дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад, новобаста аз ин натиҷаҳои муҳим ва марҳилаҳои инкишоф ба миен моянд. Шумо низ барои сабабҳои зиёд барои табъи болида доред.
  • Муошират бо фарзандатон ба Шумо кӯмак мекунад, ки худро беҳтар ҳис кунед. Дар нигоҳубини ҳаррӯза аз паси ӯ иштирок кунед.
  • Бифаҳмед, ки чӣ тавр Шумо метавонед ба кӯдакатон кӯмак кунед. Масалан, дарк кардани нишонаҳои изтироб дар кӯдакро ёд гиред.
  • Дар хотир доред, корҳое ҳастанд, ки танҳо Шумо, ҳамчун волидайн иҷро карда метавонед. Ламс, бӯй ва овози Шумо барои кӯдак хеле муҳим аст. Шумо муҳимтарин муҳофизи ӯ ҳастед.

Дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои аввали ҳаёти кӯдак, ғамхорӣ нисбат ба худ хеле муҳим аст. Бо нигоҳубини худ, Шумо барои нигоҳубини кӯдаки худ дар намунаи беҳтарин хоҳед буд.

Ғояҳо аз волидайни кӯдакони норасид: “рӯйхати хоҳишҳои эҳсосотӣ”

Баъзе волидони кӯдакони норасид таҳия кардани рӯйхати хоҳишҳои эҳсосотӣ ва мубодилаи онҳоро бо дӯстон ва оила муфид мешуморанд. Инак баъзе фикрҳо:

  • Фарзандам зинда аст ва ӯ барои ман хеле азиз аст ва новобаста аз он ки ӯ бемор аст, ман бояд таваллуди ӯро ҷашн гирам.
  • Ман сипосгузорам, ки дар пеши Шумо гиря карда метавонам, зеро бо ин роҳ эҳсосоти ман роҳи баромад пайдо карда ба изтироб табдил намеёбанд ва ҷамъ намешаванд.  
  • Пеш аз мӯҳлат таваллуд кардани кӯдак бо ҳомиладорӣ ё таваллуди муқаррарӣ якхела нест ва бинобар ин таҷрибаи манро бо таҷрибаи худ ё ягон каси дигар муқоиса накунед.
  • Таваллуди бармаҳал сироятнок нест ва бинобар ҳамин ҳам аз ман нагурезед.
  • Лутфан интизор нашавед, ки мушкилиҳои ман пас аз шаш ҳафта, моҳҳо ва ҳатто солҳо тамом мешаванд. Ман кӯшиш мекунам, ки бо эҳсосоти зидди ҳамдигар зиндагӣ кунам, аз ин рӯ ҳама чиз вақти худро дорад.
  • Лутфан, маро бо суханони хушку холӣ мисли «Бадтаринаш гузашт» тасаллӣ надиҳед. Фарзанди мо дар оянда метавонад мушкилот дошта бошад ва вазифаи мо ин аст, ки ба инкишофи ӯ кумак кунем.
  • Умедворам, Шумо мефаҳмед, ки бо таваллуди кӯдаки норасид ман дигар шудаам ва ман намедонам, ки оё ман мисли пештара мешавам ва агар шавам ҳам кай мешавам.

Оилаҳои гуногун таваллуди кӯдаки бармаҳалро ба таври гуногун эҳсос мекунанд. Омӯзиш дар бораи таҷрибаи дигарон метавонад муфид бошад, аммо дар хотир доред, ки роҳи ягонаи дарки дурусти эҳсосот ва аксуламалҳои Шумо вуҷуд надорад.

На танҳо ғам: изтироби пас аз таваллуди пеш аз мӯҳлат

Пас аз таваллуди кӯдак, дар модар метавонад рӯҳияи тағйирёбанда эҳсос карда шавад. Бисёре аз занон дар рӯзҳои аввали баъди таваллуд депрессияи сабук доранд. Агар ин ҳолат идома ёбад ва бадтар шавад, депрессия пас аз таваллуд метавонад ба амал ояд.

Аломатҳои депрессияи пас аз таваллуд аз ғаму андӯҳи доимӣ, рӯҳияи паст, эҳсосоти ноумедӣ, нарасидани қувват, паст будани худбаҳодиҳӣ ва мушкилоти хоб буда метавонанд.

Агар Шумо фикр кунед, ки ба изтироби пас аз таваллуд гирифтор шудаед, пас ба Шумо кӯмаки эҳсосотӣ аз ҷониби оила ва дӯстон зарур аст. Бисёре аз волидон кӯмаки равониро муфид медонанд ва антидепрессантҳо низ метавонанд кӯмак кунанд. Тавсия дода мешавад, ки ба як терапевт муроҷиат кунед, ки табобати мувофиқтаринро барои Шумо муқаррар кунад.