Пешгирӣ кардани садамаҳои нақлиётӣ – кӯдак пиёдагард
Ҳангоми бо кӯдаки худ дар қисми пиёдагард роҳ рафтан ё аз роҳ гузаштан дасти ӯро сахт доред ва ба ӯ ҳолатҳои ҳаракати нақлиётро фаҳмонед, то кӯдак моҳияти онҳоро дарк кунад.
Ба фарзандатон қоидаҳои муҳимтаринро ёд диҳед:
- роҳи пиёдагард – аз ҳама ҷои бехатар барои ҳаракат кардани пиёдагардон аст;
- ба роҳи мошингард аз қафои калонсолон, дӯст, ҳайвони хонагӣ, тӯб ё бозичаҳои дигар давидан мумкин нест;
- танҳо аз гузаргоҳи аломати пиёдагард дошта ба чароғаки сабзи светофор аз роҳи мошингард гузаштан мумкин аст;
- ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи пиёдагардон бо велосипед ё аробача шитоб кардан мумкин нест;
- дар гузаргоҳи пиёдагардон эҳтиёт шудан лозим аст, хоҳ дар он чароғаки светофор мавҷуд бошад хоҳ не – гӯш кардан ва ба самти ҳаракат аз ҳар тараф нигоҳ кардан лозим аст, ҳатто агар чароғи сабз барои пиёдагардҳо фурӯзон бошад;
- пеш аз он ки аз қисми мошингард гузаштанӣ шавед, истодан, интизор шудан, ба чап, рост ва баъд аз нав ба чап нигоҳ кардан ва сипас гузаштан лозим аст;
- дар истгоҳи мошин ё дар роҳи мошингард бозӣ накунед;
- аз байни таваққуфгоҳи мошинҳо аз роҳ нагузаред.
Вақте ки шумо кӯдакро интизоред, ҳеҷ гоҳ дар дигар тарафи роҳ наистед, ба тарафи ӯ гузаред.
Барои беҳтар намоён шудани кӯдак дар роҳ дар давоми рӯз тавсия дода мешавад, ки ӯ либосҳои рангҳои дурахшон ё флуоресцентӣ дошта пӯшад; дар сурати маҳдуд будани биниш ва шабона тавсия дода мешавад, ки дар либос, борхалта ё пойафзол аломатҳои инъикоскунанда гузошта шаванд.
Новобаста аз саросема будан, агар ҳамроҳи кӯдак бошед, ҳеч гоҳ қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон накунед – аз роҳи мошингард пас аз гузаргоҳи пиёдагардон нагузаред ва ғайра – зеро он ба ҳаёти шумо ва фарзандатон таҳдид мекунад!