Пистони дарднок ва кафида (пистони кафида)

Кафидани пистонҳо як мушкилоти маъмул аст, махсусан дар оғози ширдиҳӣ. Онҳо метавонанд ширдиҳиро душвор гардонанд, нороҳатӣ ба вуҷуд оранд ва баъзан синамакониро қатъ кунанд. Хушбахтона, роҳҳои пешгирӣ, инчунин зуд ва бомуваффақият табобат кардан дар сурати руҳ додани чунин мушкилот вуҷуд доранд.
Body

Сабаби маъмултарини дарди пистонҳо ин усули нодурусти синамаконӣ, яъне мавқеи нодурусти кӯдак дар сари сина мебошад. Дигар сабабҳои имконпазир:

• пур шудани сина

• сироят

•  кӯтоҳии пардаи таги забон

• ғизодиҳии хеле зуд-зуд ва тӯлонӣ (агар шумо намедонед, ки чӣ тавр кӯдакро ором кунед ва баробари гиря карданаш синаро ба даҳонаш гузоред) ё дар  сина «овезон» бошад.

• ҳассосияти инфиродӣ.

Аломатҳо ва ҳолатҳо

• Дард дар ареолаҳо ё пистони сина.

• Пас аз маконидан пистон ноҳамвор, ба ламс гарм шуда, дар он сурхӣ ва ҷойҳои кафида пайдо мешавад, хунравӣ дида мешавад.

• Баъзан варами сина ба назар мерасад, сина калон мешавад ва агар кӯдак қай кунад, дар он хун ба назар мерасад.

Пешгирӣ

Агар шумо сабабҳои эҳтимолии кафидаи пистонҳоро донед, шумо медонед, ки чӣ гуна онҳоро пешгирӣ кардан мумкин аст. Ҳангоми синамаконӣ дард набояд бошад; Пистони аз даҳони кӯдак гирифташуда набояд ҳамвор ва деформатсия карда бошанд.

• Санҷед, ки кӯдак чӣ тавр синаро ба даҳон мегирад ва агар лозим бошад, онро дуруст кунед

• Дастҳои худро мунтазам бишӯед

• Агар дарди даҳон (молочница)  пайдо шавад, бояд табобат карда шавад

• Аз истифода бурдани сачоқчаҳои намноки яккарата барои сина худдорӣ кунед, зеро онҳо ба сироят мусоидат мекунанд.

• Пас аз маконидан пистонҳоро бо оби ширгарм шӯед, хушк кунед (бе молидан) барои кам кардани ҳассоснокӣ, ба пистонҳо каме шири сина молед ва сипас синааторо озод монед, то «нафас кашад».

Табобат

• Пеш аз маконидан ба сина компресси гарм монед, то ҷараёни ширро зиед кунад; дарди зиед дар аввали синамаконӣ, то ҷорӣ гаштани шир, ҳис карда мешавад.

• Аз синае, ки камтар дард мекунад, шир доданро оғоз кунед.

• Миқдори ширдиҳиро кам накунед.

• Агар аз ҷои осебдида хуни зиед ояд, 1-2 рӯз аз он сина намаконед. Дар ин муддат ширро ҳар 2—3 соат мунтазам дастй ҷушед. Ба фарзандатон аз  қошуқ шир диҳед.

• Рӯкаши силиконӣ метавонанд дардро сабук кунанд ва аз осеби минбаъдаи пистонҳо пешгирӣ кунанд. Дар хотир доред, ки онро пас аз истифода шустан лозим аст.

Агар шумо ҳамаи ин чораҳоро андешед, пас аз чанд рӯз беҳтар мешавад. Агар нороҳатӣ аз байн наравад ва дард, сурхӣ ва сӯзиш ҳанӯз ба назар расад, эҳтимолият аст, ки пистонҳои кафида сироят шуда бошанд. Он аксар вақт аз бактерияҳо (Staphylococcus aureus) ё занбӯруғҳо (candida) ё ҳарду ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат, шумо бояд ба табиб муроҷиат кунед. Мутахассис муайян мекунад, ки оё дар кӯдак ягон мушкилот вуҷуд дорад - даҳондард (кандидоз), ки табобатро талаб мекунад ё кӯтоҳии пардаи таги забон, ки метавонад ислоҳ карда шавад.

Ҳатто агар шумо аз сабаби дарди пистонҳо шир додан натавонед, шумо бояд ба ҳар ҳол ширро ҷушед. Бе холӣ кардани мунтазами сина, баста шудани каналҳои шир ва мастит метавонад ба амал ояд. Синамаконии номунтазам метавонад боиси кам шудани истеҳсоли шир гардад.