Пойҳои хушбахт
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Кӯрпаи мулоим, сурудҳои кӯдакона ва рубоиҳо.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Яке аз узвҳои бадане, ки фарзанди Шумо аввал мешиносад ва бо ӯ бозӣ карданро дӯст медорад, пойҳои вай аст. Ин бозӣ ба дараҷае содда аст, ки ба Шумо омодагии пешакӣ лозим нест, Шумо бояд танҳо аз интихоби суруд ё қофияи зебо шурӯъ кунед, ки бо он Шумо бо пойҳои фарзандатон бозӣ карда метавонед.
Кӯрпаи мулоимро гирифта кӯдаки худро болои он гузоред. Дар паҳлӯи ӯ ба зону шинед.
Шумо метавонед бо яке аз сурудҳо дар бораи ангуштони пой оғоз кунед:
Ин чиликам бобоҷон
Ин чиликам бибиҷон
Ин чиликам падарҷон
Ин чиликам модарҷон
Ҳамаи мо як оила
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Тавассути ин фаъолият, фарзанди шумо ба донистан ва ҳис кардани бадани худ ва ҳаловат бурдан аз эҳсос шурӯъ мекунад. Он инчунин ба рушди нутқ, малакаҳои моторикӣ ва роҳнамоии иҷтимоӣ кӯмак хоҳад кард. Барои фарзандатон ҳис кардани пойҳояш ҷолиб ва маъқул буда дар баробари ин малакаҳои муоширатро рушд дода , ҳамроҳи Шумо гузаронидани вақтро низ дӯст медорад.