Пухтупази хӯроки вонамудӣ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Мавзӯи фаъолият (тайёр намудани хӯрок) танҳо як мисол аст. Маводҳо метавонанд вобаста аз бозӣ фарқ кунанд.

Баъзе зарфҳо, пиёлаҳо ва қошуқҳо; ҷойҳо ва ашёе, ки кӯдак метавонад онҳоро ҳамчун оташдон ва яхдони хаёлӣ истифода барад (онҳо қуттиҳои картонӣ ё миз буда метавонанд); ашёе, ки фарзанди Шумо метавонад ҳамчун кӯза ё дигар асбобҳо истифода барад (бехатар ва хурд, ашё набояд дақиқ мувофиқи тасаввуроти кӯдак бошад).

Машғулият аз чӣ иборат аст: Эҳтимол аст, ки дар ин синну сол фарзанди Шумо аксар вақт "тақлид мекунад". Ин машқ намунаи он аст, ки чӣ гуна Шумо метавонед фарзанди худро ташвиқ кунед, то ин ки корро барои худ душвортар кунад ва дигаронро ба он ҷалб кунад. Дар вақти ором, маводҳои бозиро паҳн кунед ва гӯед: «Биё бозӣ кунем, ки гуё хӯрок тайёр мекунем. Мехоҳи? Чӣ тавр ин корро мекуни?". Сӯҳбатро дар бораи ғизои хаёлӣ идома диҳед ва ашёи дигарро пешниҳод ё вонамуд кунед.

Он гоҳ Шумо инчунин метавонед бигӯед: “Ман (ё падар ё хоҳари калонӣ) метавонам ёвари ту бошам. Чӣ гуна ман кӯмак карда метавонам?” ё аъзои дигари оила метавонанд вонамуд кунанд, ки нишаста хӯроки хаёлӣ мехӯранд.

Ин ва дигар сенарияҳои хаёлиро гаштаю баргашта такрор кардан мумкин аст.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Маҳорати тафаккури фарзанди Шумо ҳангоми бовар кардан нигоҳ дошта мешавад, (барои мисол қуттӣ ин ошдон ва тӯби хурд бошад тухм аст). Ҷалби одамони дигар ба бозӣ, хоҳ оила ва хоҳ фарзандони дигар, қобилияти иҷтимоии фарзандатон ва қобилияти ҳамкории ӯро тақвият медиҳад.