Рафиқони қаламӣ (мактубӣ) меёбем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ручка ё қалам, қоғаз ва лифофа.  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Кӯшиш кунед, ки дар байни хешовандон ё дӯстони оилавӣ, ки аз Шумо дур зиндагӣ мекунанд, барои кӯдак ё фарзандони худ як рафиқи қаламӣ пайдо кунед. Аз фарзандатон хоҳиш кунед,  дар мактуб оид ба чизҳои гуногун, аз ҷумла коре, ки ӯ машғул буд, ба ӯ чӣ маъқул аст ё писанд нест, дар ояндаи наздик чӣ нақша дорад ва ғайра нависад. Кӯдакро ташвиқ кунед, ки дар мавриди навиштани мактуб эҷодкор бошад ва онро ҷолибу шавқовар нависад - бигзор ӯ расмҳо, стикерҳо, аксҳо ва ҳатто тӯҳфаҳои хурдро ба мактуби худ илова кунад. Дар навбати худ бигзоред, ки аз дусти худ дар бораи ҳама чиз пурсад - ва ҳатман суроғаи худро қайд намоед, то ҳамсуҳбаташон ба онҳо ҷавоб фиристода тавонад!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Навиштани мактуб ба рафиқ ба фарзанди Шумо дар такмил додани дӯстӣ, баён кардани фикр ва қадр кардани он чизе, ки навишта шудааст, кӯмак мекунад. Мунтазам навиштани мактуб инчунин як роҳи ҷолиб барои беҳтар кардани саводнокӣ ва ҳамоҳангсозии чашму ҳаракат мебошад. Ба кӯдакон гирифтани ҷавоб ба мактубҳо маъқул мешавад!