Рафтори муқаррарии кӯдаки синни томактабӣ (3-6 сола): чиро интизор шудан мумкин аст?
Аз ин сабаб, хеле муҳим аст, ки ба онҳо вақти кофӣ диҳед: ба сайругашт равед ё барвақт ба он ҷое, ки лозим аст, равед, то кӯдак бо суръати худ ва бемамониат таҳқиқ намояд. Илова бар ин, кӯдакони ин синну сол аксар вақт мехоҳанд дар рафтор ва қабули қарорҳо мустақилияти бештар дошта бошанд. Онҳо воқеан ба дастгирии Шумо ва инчунин имкони мустақилона кор кардан ё қабул кардани қарор дар бораи он чизе, ки барои онҳо муҳим аст, (масалан, дар рӯзи таваллуди дӯстатон чӣ бояд гирад, дар боғчаи кӯдакона чӣ пӯшад, дар давоми рӯз ба куҷо равад) ниёз доранд. Ҳам дастгирии Шумо ва ҳам ин имкониятҳо дар кӯдак эҳсоси бовариро нисбат ба худ ба вуҷуд меорандва аз ин сабаб бо таваҷҷӯҳи мусбат, ситоиш ва эҳсоси бехатарӣ бо Шумо, ҳамаи ин як имконияти хубе барои такмил додани малакаҳои мавҷудбуда ва инкишоф додани малакаҳои нав мегардад.
Дар ин синну сол бозӣ хеле пурмазмун ва эҷодкорона мешавад. Дар давоми бозӣ кӯдак вазъиятҳоеро, ки ҳамарӯза дучор мешавад, моҳирона меомӯзад ва аз сар мегузаронад, рафтори инсонро ба ҳайвонҳо ва бозичаҳо тақлид мекунонад, муносибатҳо ва рафторҳои гуногунро таҳлил мекунад ва дар раванди ин бозӣ хулоса мебарорад - оқибатҳои гуногунро ихтироъ мекунад, эҳсосотро ба вуҷуд меорад ва ғайра.
Дар ин синну сол кӯдакон омӯзиши босуръат идома медиҳанд. Ба анҷом расонидани корҳои оддии хона дорои имкониятҳои зиёди омӯзишӣ мебошанд (масалан, пухтупаз, харид кардан, банақшагирии дилхушӣ, боздид ва муошират, ороиши дастархон); калиди муваффақият дар ин ҷо иштироки кӯдак ва таваҷҷуҳи мусбат ба ӯ мебошад - яъне қобилияти дастгирӣ ва афзун кардани таҷрибаи кӯдак, қобилияти таъриф кардани кӯдак барои иштирок дар корҳо , кунҷковӣ, заковат ва маҳорат мебошад.
Ба кӯдакон дар ин синну сол фаъолиятҳои муштарак бо ҳамсолон хеле муфид мебошанд. Бозӣ кардан бо ҳамсолон, махсусан дар гурӯҳҳои омехта (гурӯҳҳои синну соли гуногун), имкониятҳои зиёдеро барои омӯхтану худогоҳӣ, махсусан муносибатҳои байнишахсӣ ва омӯзиши ҷаҳон фароҳам меорад. Аз ин сабаб, барои кӯдакон дар ин синну сол ба боғча рафтан муҳим аст. Вақте ки фарзанди Шумо ба боғча меравад, дар хотир доред, ки ӯ барои фаҳмидан ва қабул кардани нақши нави худ, реҷаи нав, мулоқот бо калонсолону ҳамсолон, гузаштан ба ҳаёти ҳаррӯзаи кӯдакистон аз ҳаёти хонагӣ ва реҷаи ҳаррӯза ба дастгирии Шумо ниёз дорад.
Дар ин синну сол кӯдаки Шумо эҳсосоти хеле қавӣ дорад, он зуд тағйир меёбад ва кӯдак омӯзиши фаҳмидан ва идора кардани онҳоро давом медиҳад. Аз ин сабаб, барои кӯдак танзим намудани рафтори худ дар ҳолатҳои душвор - вақте ки ӯ хафа мешавад, тарсида ё хашмгин аст, хеле душвор буда метавонад. Шумо метавонед ба ӯ дар иҷрои ин вазифаи бузург ва муҳим бо роҳи ошкоро дар бораи эҳсосоташ сӯҳбат кунед: масалан эҳсосоти мухталифи худро баён кунед инчунин метавонед эҳсосоти кӯдак ва ҳамсолони ӯро фаҳмонда, номбар кунед.