Рақамҳои фароғатбахш

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Оҳиста-оҳиста ва бо овози баланд ба чашмони кӯдак нигоҳ карда рақамҳоро номбар кунед. Ба ин васила Шумо метавонед аксуламали ӯро нисбат ба он чизе, ки ӯ таваҷҷӯҳ дорад, пайгирӣ карда дар ҳолати зарурӣ ба вай кӯмак кунед ва диққати кӯдакатонро ба худатон ҷалб намоед. Агар синни кӯдакатон мувофиқкофӣ бошад, ба ӯ кӯмак намоед, то ки худаш ҳисоб кунад. Барои ин сурудҳои оддиро, ки дорои ҳисобу шумора мебошанд, сароед.

Ин корро бисёртар анҷом диҳед. Сангҳоеро, ки ҳангоми роҳравӣ мебинед, баргҳои шохи дарахтон,  қадамҳоятонро аз як хона ба хонаи дигар ва ё шумораи тирезаҳои хонаатонро ҳисоб кунед.

Шумо метавонед ин корро ҳар рӯз дар вақти холии худ ё ҳангоми машғулиятҳои ҳаррӯзаи худ - ҳангоми либоспӯшӣ, пухтупаз, харид ё ҳангоми сайру гашт анҷом диҳед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Рақамҳо ҳамеша дар атрофи мо ҳастанд! Тавре амал кунед, ки шуморидан шавқовар бошад – ин яке аз усулҳои такмил додани малакаҳои математикии фарзанди Шумо мебошад.