Рустшавакон

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи хуш!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ин бозиро ҳатто ду нафар бозӣ карда метавонанд. Бо дарназардошти синну соли бозингарон ва ҷои бозӣ, қарор диҳед, ки шахси ҷӯянда бояд то чанд ҳисоб кунад. Як бозингар рӯяшро ба ҷониби девор гардонида, чашмонашро мепӯшад ва то ҳисоби муайяншуда шуморида, пас аз он мегӯяд: “Рафтам ба кофтан!”.

Дар ин маврид ҳамаи бозингарон, бояд барои худ барои пинҳон шудан ҷой пайдо кунанд ва то он вақте ки онҳоро наёбанд, худро нишон надиҳанд. Шахсе, ки кофтуков мекунад, дар танҳоӣ бояд бозингаронро паиҳам ёбад. Бозингареро, ки аз ҳама охир меёбанд, ғолиб дониста мешавад ва давраи баъдинаи бозиро барандагӣ мекунад.

Намудҳои зиёди ин бозӣ вуҷуд доранд. Дар баъзе намудҳои бозӣ, бозингарони аллакай пайдошуда метавонанд барои ёфтани бозигарони боқимонда кӯмак расонанд. Дар нусхаи Юнони қадим, шахсе, ки бозиро идора мекунад, дар доираи нишондодашуда истода, ҳисоб мекунад ва аз он ҷо барои ҷустуҷӯ меравад. Бозингарони дигар ба таври пинҳонӣ бояд ба ҷои ӯ баргарданд. Шумо метавонед намудҳои шахсии худро эҷод кунед ва дар дохили бино ё кӯча бозӣ кунед!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Дар раванди ин бози кӯдакон малакаҳои ҳисобкунӣ, давидан, ҷустуҷӯи ҷойҳои пинҳон ва мушоҳида карданро истифода мебаранд. Ин дилхушӣ барои тамоми оила мебошад ва шумораи зиёди бозингарон метавонанд дар раванди бозӣ иштирок намоянд!