Рӯяки ман

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Кӯдаки Шумо дар ҳафтаҳои аввали ҳаёт муошират ва истифодаи забони худро ёд мегирад. Бо ёрии ин бозӣ ӯ қисмҳои рӯи худро ҳис мекунад ва ном, мақсад ва вазифаи онҳоро дар хотир нигоҳ медорад.

Барои оғоз кардан, дар ҷои бароҳат нишинед ва фарзандатонро дар зонуи худ рӯ ба рӯ шинонед. Ҳангоми ламс кардани қисмҳои гуногуни бадани ӯ суруди зеринро хонед ё сароед:

Сар, китф, зону ва пой!

Сар, китф, зону ва пой, зону ва пой!

Сар, китф, зону ва пой, зону ва пой!

Чашм, гӯш, даҳон ва бинӣ!  Сар, китф, зону ва пой, зону ва пой!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, ки аз хурдсолӣ шинохтани қисмҳои чеҳра, ҳавасмандкунии инкишофи ҳиссиёт, муоширати иҷтимоӣ ва донистани узвҳои гуногуни баданро омӯзад.