Рӯймоли рангоранг
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Рӯймоли рангоранг, бозичаи мулоими ранга ё ягон либоси рангоранг; сатҳи мулоим ё курсии кӯдакона.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Инкишофи дурусти биноӣ фаъолияти зиёдеро талаб мекунад. Яке аз онҳо – аз паи ашё бо чашм нигоҳ кардан аст.
Пеш аз оғоз ҷоеро, ки Шумо бозӣ мекунед, омода кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки Шумо ва кӯдакатон парешон нашавед ва рӯймоли ранга дошта бошед.
Кӯдакро ба болишт гузоред, ки ӯ рӯ ба рӯи Шумо бошад, ё Шумо метавонед ӯро дар курсии кӯдакона ҷойгир кунед. Дар пеши кӯдак нишинед, дар дастҳо рӯймоли рангорангро доред.
Оҳиста-оҳиста рӯймолро алвонҷ диҳед ва рангҳоеро, ки кӯдак дар он мебинад, номбар кунед. Вақте Шумо мебинед, ки кӯдак ба рӯймол нигоҳ мекунад, онро аз як тараф ба тарафи дигар ҳаракат диҳед. Шумо хоҳед дид, ки кӯдаки Шумо чӣ гуна бо чашмони худ рӯймолро пайгирӣ мекунад.
Ин бозиро зуд-зуд бозӣ кунед ва агар руймоли рангоранг надошта бошед, Шумо метавонед бозичаи мулоими ранга ё либоси рангорангро истифода баред.
Агар Шумо бинед, ки фарзандатон хаста ё дилгир шуданро оғоз мекунад, ба кори дигар шурӯъ кунед ё ба ӯ имкон диҳед, ки истироҳат кунад.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Нейронҳои биноӣ дар моҳҳои аввали ҳаёт ба вуҷуд меоянд. Фаъолиятҳое, ки биноии кӯдаки шуморо ангезиш медиҳад, хеле муҳиманд.