Сабабҳо ва пешгирии синдроми марги ногаҳонӣ

Синдроми марги ногаҳонии кӯдакон - ин фарорасии ногаҳонии марги кӯдаки ба назар солим аст, ки ҳеҷ нишона ё зуҳуроти клиникии ягон беморӣ ба назар намерасид. Вобаста аз синну сол, байни синдроми марги ногаҳонии навзод (СМНН) ва синдроми марги ногаҳонии номуайяни кӯдак (СМННК) дар кӯдакӣ фарқият гузошта мешавад.
Body

Синдроми марги ногаҳонии навзод (СМНН)

Дар кӯдакони то яксола, асосан дар ҳолати хоб ба амал меояд. Аксар вақт ҳолати мазкур дар байни моҳҳои дуюму чоруми ҳаёт, бештар дар писарон, дар фасли зимистон ва инчунин дар кӯдаконе, ки шири сина намехӯранд, мушоҳида карда мешавад.

Синдроми марги ногаҳонии номуайяни кӯдак (СМННК)

Он дар кӯдакони аз яксола боло, бештар ҳангоми хоб будан пайдо мешавад, ки назар ба навзодон камтар дида мешавад.

Сабаби пайдо шудани ҳолати мазкур ҳанӯз муайян нашудааст, аммо олимон чунин меҳисобанд, ки ба пайдоиши ин ҳолат маҷмӯи хусусиятҳои инкишофёбии кӯдак, омилҳои ба модар вобастагидошта ва ҳолати муҳити зист таъсир мерасонад.

Омилҳои хатари бештар вохӯранда

  • мавқеъ – ба шикам хобидан;
  • хобидан дар болои чизи мулоим;
  • бо падару модар дар як кат хобидан;
  • бозичаҳои мулоим ва болишт дар кати кӯдакон;
  • таваллуди бармаҳал ё вазни кам дар вақти таваллуд;
  • надоштани қобилияти организми кӯдак дар муайян кардани гази карбони зиёдатӣ дар хун;
  • бо душворӣ бедор шудани кӯдак аз хоб;
  • аз ҳад зиёд гарм шудани бадан;
  • таъсири дуди тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ ва баъд аз таваллуд;
  • нигоҳубини нокифояи пеш аз таваллуд;
  • шароити бади иҷтимоию иқтисодӣ;
  • кўдаконе, ки дар натиҷаи ҳомиладории дугоник ё бисёрҷанин таваллуд шудаанд;
  • фосилаи кӯтоҳ байни ҳомиладориҳо;
  • синни модар то 20 сола;
  • сироятҳои роҳҳои нафас.

Чӣ гуна хатари эҳтимолии ин ҳолатро кам кардан мумкин аст?

  • Кӯдак бояд дар тахтапушт хобад (зеро ин мавқеи беҳтарин аст – эҳтимоли марги ногаҳонӣ то 50% кам мешавад).
  • Кӯдак бояд дар ҷои худаш (гаҳвора ё катча) хоб кунад.
  • Кӯдак набояд бо волидон дар як кат хоб кунад, лекин бояд бо онҳо дар як ҳуҷра хобад.
  • Дар гаҳвора ё катчаи кӯдак набояд бозичаҳо (махсусан мулоим), болишт ё болинҳои вазнин (кӯрпа, бистар, болопӯши ғафс ва ғ.) бошад.
  • Назорат кунед, ки ҳуҷраи хоби кӯдак аз ҳад гарм нест ва ба кӯдак аз ҳад зиёд либоси гарм напӯшонед. Ҳарорати хона бояд 18-22 ° C бошад.
  • Дар ҳуҷраи кӯдак тамоку накашед ва беҳтараш дар хона тамокукаширо пурра қатъ кунед.
  • Кӯдаки худро на камтар аз шаш моҳ сина маконед, зеро ин амал имкони гирифторшавӣ ба сирояти роҳҳои нафасро коҳиш медиҳад, ки яке аз омилҳои хавфи пайдоиши ин ҳолат мебошад.
  • Барои кӯдакони синни калон муҳим аст, ки ғизову хоби мувофиқ таъмин карда шавад – яъне, кӯдак набояд фавран пас аз хӯрок хӯрдан хобад.
  • Агар бедоршавии кӯдак душвор бошад - дар бораи ин ва дигар камбудиҳо ба табиби оилавӣ педиатр хабар додан лозим аст.

То ҳол дар тиб ягон дору ё маводе мавҷуд нест, ки  марги ногаҳониро  пешгирӣ карда тавонанд. Барои пешгирии марги ногаҳонӣ, донистани асосҳо ва усулҳои расонидани ёрии аввалин ва эҳёгарии дилу шуш муҳим аст ва омӯзонидани малакаҳои мазкур ба волидон муҳим аст.