Садо аз куҷост?
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Мусиқӣ барои кӯдакон, телефон мобилӣ ё планшет.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ҳисси шунавоӣ бо мурури замон, бо ангезишдиҳӣ ва таҷриба ташаккул меёбад. Дар дастгоҳи мусиқии худ барои кӯдакатон мусиқӣ фаъол намуда дастгоҳро пинҳон кунед. Кӯшиш кунед, ки кӯдак дар куҷо пинҳон намудани Шуморо набинад. Баъд пурсед: "Мусиқӣ аз куҷост?"
Бигзор кӯдак манбаи мусиқиро ҷӯяд ва ҳангоми пайдо кардани он бо ӯ якҷоя хурсандӣ кунед. Ин бозиро дар ҳуҷраҳои гуногун такрор кунед. Агар кӯдак аллакай хазида тавонад, Шумо метавонед манбаи садоро дар зери курсӣ, роҳаткурсӣ ё миз пинҳон кунед, то ӯ ба осонӣ ба он дастрасӣ пайдо намояд.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, ки шунавоии худро такмил диҳад.