Садобозӣ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида! 

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Пеш аз оғоз намудани бозӣ, хона ё ҷои оромеро омода созед, ки касе ба Шумо ва кӯдакатон халал нарасонад.

Ба болои гилемча ё дар фарш ба назди фарзандатон шинед. Кӯшиш кунед, ки бо фарзандатон бо садоҳои гуногун – гоҳе бо садои шахси калонсол ва гоҳе бо садои шахси нисбатан ҷавонтар сухан гӯед. Ба садо Шумо метавонед имову ишораро низ илова намоед. Бо садои паст ё баланд сухан ронед. Кӯшиш кунед, ки бо овозҳои гуногун суруд сароед. Аксуламали кӯдаки худро мушоҳида намуда ӯро рӯҳбаланд намоед, ки садоҳои гуногун барорад ё ба Шумо “замзама” кунад.

Ба садоҳо ва ишораҳое, ки кӯдак нишон медиҳад аксуламал нишон диҳед. Ин имкон медиҳад, ки дар мавриди бонавбат “гап задани” ҳардуи Шумо “сӯҳбат” оғоз карда шавад.

Шумо бо хондани китобҳо, истифодаи усулҳои гуногун, тасвир намудани аъзоёни оила ва сароидани суруд ин амалҳоро истифода баред. Зеро, кӯдаки Шумо кӯшиш мекунад, ки аз паси Шумо такрор карда садои худашро истифода барад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машғулияти шавқовар ба фарзандатон ҷиҳати бо боварӣ истифода бурдани овозаш, “гап задан” бо навбат ҳангоми муошират ва ангезиш додани инкишофи муоширату ҳамоҳангсозии иҷтимоӣ кӯмак мекунад.