Садои ҳайвонот

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи хуш!  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бонавбат садоҳои ҳайвонҳоро то он вақте бароред, ки дигар бозингарон, кадом ҳайвон будани ҳайвони тақлиднамудаи Шуморо наёбанд. Бозингарон эҳтимол, садои ҳайвоноти шиносро тезтар меёбанд ва бинобар ҳамин ҳам, барои онҳоро каме парешонхотир кардан садои ҳайвоноти наонқадар машҳур – фух-фух кардани гавазн ё чирроси қашқалдоқро тақлид намоед.

Нолаи шер тақрибан аз 8 километр шунида мешавад – ин тақрибан масофаи 80 майдони бозии футбол мебошад!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ ба кӯдакон ёрӣ медиҳад, ки садои ҳайвонот бо номи он ҳамоҳанг карда шавад. Ба кӯдакон ворид шудан ба олами ҳайвонот ва сайқал додани дониши худ дар бораи табиат, тақлид кардану омӯхтани садоҳои гуногун, аз ҷумла аз бонги гов то нолаи шер шавқовар аст.