Садои норавшани дили кӯдак
Сабабҳои пайдоиши садоҳои бегона дар дили кӯдакон
Хуне, ки аз дил мегузарад, одатан садои «так-так»-ро мебарорад. Садои бегона дар дил – ин пайдо шудани садо ба мисли ҳуштак ё ғуввос мебошад. Он вақте рух медиҳад, ки хун ба дил ба таври баробар интиқол дода нашавад.
Аксари садоҳои дил – садоҳои муқаррарии физиологӣ ё "безарар" мебошанд. Ин маънои онро дорад, ки дили кӯдаки Шумо хуб аст ва садо бо мурури замон аз байн меравад. Вақте ки кӯдаки Шумо табларза дорад, садоҳои дили "безарар" метавонанд ба амал оянд.
Гумон меравад, ки ҳадди ақалл нисфи ҳамаи кӯдакон дар дил садои "безарар" доранд. Ин намуди маъмултарини садои дил дар кӯдакон ва наврасон аст.
Садоҳои ғайримуқаррарии дил дар натиҷаи бемориҳои дил, ба монанди нуқсони клапанҳои дил ё сӯрох дар девори даҳлези дил ба вуҷуд меоянд. Чунин мушкилот метавонад аз вақти таваллуд ё дертар пайдо шавад.
Аломатҳои садои дил дар кӯдакон
Агар кӯдак садои дили «безарар» дошта бошад, ӯ тамоман аломатҳои бемории дил надорад.
Агар фарзанди Шумо садои ғайримуқаррарии дил дошта бошад, дар ӯ метавонанд аломатҳои марбут ба дил бошанд, аз қабили хастагӣ, нафастангӣ ва/ё кабудшавии лабон, ангуштони даст ва пой. Агар садо аз таваллуд вуҷуд дошта бошад, аломатҳо метавонанд фавран пас аз таваллуд ё каме пас аз таваллуд пайдо шаванд.
Бе стетоскоп садои дилро шунидан мумкин нест.
Кай ба духтур муроҷиат кардан лозим аст
Бисёр мушкилоти дил (на ҳама) дар кӯдакон ҳангоми таваллуд ё дар давоми чанд ҳафтаи аввали ҳаёт ҳангоми муоинаи кӯдаки навзод аз ҷониби педиатр/духтури оилавӣ ошкор карда мешаванд.
Агар Шумо дар бораи нафаскашӣ ё ранги пӯсти фарзандатон ягон нигаронӣ дошта бошед, инро бо педиатр/духтури оилавӣ муҳокима кунед.
Тадқиқот барои садои дил
Агар педиатр/духтури оилавӣ дар бораи садои дили кӯдаки Шумо ягон нигаронӣ дошта бошад, ӯ метавонад ЭКГ ва рентгени қафаси сина таъин намояд.
Педиатр/духтури оилавӣ инчунин метавонад фарзанди Шуморо ба кардиологи кӯдакона барои машварат ва муоинаи иловагӣ равона кунад.
Табобати садои дил
Садои дили "безарар" ягон табобатро талаб намекунад, зеро дили кӯдаки Шумо хуб аст. Бо мурури замон он худ аз худ мегузарад.
Агар табибон дар кӯдаки Шумо бемории дилро ошкор кунанд, пас вобаста ба шакл ва вазнинии он табобатро таъин мекунанд. Шояд кӯдаки Шумо бояд таҳти назорати пизишк нигоҳ дошта шавад, ё дору истеъмол кунад ё ҳатто ба ҷарроҳӣ ниёз дошта бошад.