Садоҳо
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Кӯрпаи мулоим, асбобҳои мусиқии кӯдакона.
Машғулият аз чӣ иборат аст: Дар аввал, Шумо метавонед кӯдаки худро дар кӯрпаи мулоим ё дар болои доманатон гузоред, то ки ӯ рӯи шуморо бинад.
Асбоби мусиқии кӯдаконаи, ки дар хона доред, истифода баред: ин ҳам даҳони шумост, тифлон дӯст медоранд, ки садоҳои гуногунро шунаванд ва бо модар ва падар вақт гузаронанд.
Вақти он расидааст, ки ба бозӣ шурӯъ намоем ва бо даҳони худ садо диҳем: бӯсаҳои баланд, овоз бо забон баровардан, лабонро ҷунбонда садо додан, тақлид ба садои муҳаррик, ғурридан, садои занбурро кашидан, дод задан, ҳуштак кашидан, сурудхонӣ ё ғур-ғур кардан.
Шумо инчунин метавонед садоҳои ҳайвонотро тақлид кунед; мурғобӣ, саг, гурба, асп, гов, мурғ, хурӯс, маймун, мор, парранда, хар, гург ва ғайра.
Биёед гумон мекунем, ки Шумо ҳис кардед, ки фарзандатон садоҳои зиёдро дӯст медорад. Дар ин ҳолат, Шумо метавонед асбобҳоро барои тағир додани садоҳо илова кунед, ба монанди шақ-шақа ва ғайра.
Ҳамеша мутмаин бошед, ки асбобҳое, ки Шумо истифода мекунед, барои фарзандатон бехатаранд. Аз садоҳои беҳад баланд худдорӣ намоед, зеро фарзандатон худро нороҳат ҳис мекунад. Агар садое бароятон нороҳат садо диҳад, барои кӯдакатон онро такрор накунед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Тавассути ин машғулият Шумо ба фарзандатон кӯмак хоҳед кард, ки садоҳое, ки аз берун меоянд, фарқ карда тавонад ва ба ӯ тарзи баровардани овозҳоро омӯзед ва рушди нутқи кӯдакро осон мегардонед.