Санъати табиӣ

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Маводҳои табиӣ, аз ҷумла навда, барг, гулҳои хушк, пӯсти дарахт, ҷалғӯзаҳои санавбар, сангчаҳо ва ҷалғӯзаи дарахти балуд.

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Бо кӯдакон ба боғи истироҳатӣ барои ҷустуҷӯи маводҳои ҷолиби табиӣ равед. Шохаҳо, баргҳо, гулҳои хушк ва пораҳои пӯстлох – ин маводҳои беҳтарин барои эҷодкориҳои табиӣ мебошад, вале бигзор онҳо дигар маводҳоро низ ҷамъоварӣ кунанд - пар, ҷавғӯзаи санавбар, сангчаҳо, пӯстлохи чормағз, навдаҳои хурд ва шоҳбулутро ҷустуҷӯ ва истифода кардан мумкин аст. Пас аз ҷамъоварӣ кардан, чизҳои ёфташударо дар назди кӯдаконатон гузоред ва бигзор онҳо фикр кунанд, ки бо онҳо чӣ кор кардан мумкин аст. Кӯшиш кардан мумкин аст, ки ҳамаашро руйи ҳамдигар гузоред ё бо ҳам печонед, то ин ки муҷасамма ҳосил шавад, ё ин ки бо барг руй ё одамча созед, ё шояд маводҳоро тавре гузоред, ки коллажи ранга ҳосил шавад. Эҳтимол кӯдакон мехоҳанд чизҳои ёфтаи худро ба хона баранд, то тасвири калон созанд ё варақаи табрикотиро оро диҳанд? Маводҳои табиӣ барои эҷодкорӣ имкониятҳои беохир мекушоянд. Чизи асосӣ дар ин маврид – ҳаловатбарӣ ва эҷодкорӣ мебошад!

Тирамоҳ вақти беҳтарин барои эҷодиёти табиӣ мебошад - ба кӯдаки худ нишон диҳед, ки дар атроф чӣ қадар баргҳои рангоранг барои ҷамъоварӣ намудан ва  бо роҳҳои гуногун истифода бурдан мавҷуданд!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Омӯзиши муҳити табиӣ – усули хуб барои кашф кардани як қатор эҳсосоти нав мебошад ва инчунин, онҳо ганҷинаҳои гуногуни табииро барои ҷамъоварӣ, омӯхтан, кашидан ва истифода хоҳанд кард! Ҳангоми ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ ва коркард кардани маводҳои табиӣ, кӯдакон малакаҳои ҳаракат, фаҳмиши рангҳо, матнҳо ва шаклҳои гуногунро инкишоф медиҳанд.              Он инчунин рушди тасаввуротро ба ангезиш оварда тамоюл нисбат ба эҷодкориро афзоиш медиҳад. Муҳим он нест, ки асари идеалии фарҳангӣ эҷод кунед, балки аз ин раванд лаззат баред ва эҷодкорӣ намуда ихтироъкорӣ намоед!