Сар, китф, зону ва пой!

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Табъи болида!

Бозӣ аз чи иборат аст: Сурудро оҳиста ва фаҳмо хонда ба кӯдак нишон диҳед, ки бо талаффузи ҳар як калима қисмҳои гуногуни баданатонро ламс намоед:

Сар, китф, зону ва пой!

Сар, китф, зону ва пой, зону ва пой!

Сар, китф, зону ва пой, зону ва пой!

Чашм, гӯш, даҳон ва бинӣ!  Сар, китф, зону ва пой, зону ва пой!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозӣ ба кӯдакон дар азёдкунӣ ва нишон додани узвҳои бадан кӯмак мерасонад. Бозии мазкур, инчунин як роҳи хуби инкишоф додани малакаҳои гӯш кардан ва ҳамоҳангсозии ҳаракат мебошад.