Сарро мебардорем

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Кӯрпаи мулоим. 

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ҳама чизеро, ки ба Шумо лозим аст, тайёр кунед. Кӯрпаро дар рӯи сатҳи ҳамвор ва бароҳат гузоред. Кӯдаки худро ба шикам хобонед ва ба ӯ суруд ё қофия бихонед.

Дар баробари ин, тахтапушти кӯдакро нарм масҳ кунед. Дар натиҷа, кӯдак кӯшиш мекунад, ки сар ва танашро ёзонад. Ин машқ ба ӯ кӯмак мекунад, ки тезтар говакро ёд гирад ва идроки ӯро ҳавасманд мекунад.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин машқ ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, ки қувва ва тонуси мушакҳоро афзоиш диҳад, инчунин ҳиссиёти ӯро ҳавасманд мекунад ва ӯро водор месозад, ки сарашро боло кунад.