Саёҳат дар автобуси хаёлӣ

Ба Шумо чиҳо лозим мешавад: Курсӣ, пул ё кортҳо – аз рӯи хоҳиш 

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Курсиҳоро тавре ҷойгир кунед, ки онҳо ба толори автобус шабоҳат дошта бошанд - як курсӣ дар пеш барои ронанда ва якчанд курсӣ дар қафо барои мусофирон. Чӣ қадаре ки курсиҳо ва бозингарон зиёд бошанд, ҳамон қадар бозӣ шавқовартар мешавад!

Як бозингарро ба ҳайси ронанда таъин кунед ва аз ӯ хоҳиш кунед, ки ба ҷои худ дар пеш нишинад, бигзор автобус "ронад". Бигзор бачаҳо ҳар чизеро, ки ба фикрашон меояд, иҷро кунанд - вонамуд кунанд, ки ба ҳаракат меоянд, гардиш кунанд, дар назди чароғаки светофор истанд, сигнал диҳанд ва ғайра.

Баъзе кӯдакон шояд каме дуртар, дар истгоҳҳои хаёлии худ истода, мунтазир шаванд, ки ронанда онҳоро бибарад. Ронанда гоҳ-гоҳ бояд «истад» ва эълон кунад, ки автобус ба кадом истгоҳ расидааст, масалан, «Боғ», «Маркази шаҳр», «Боғи ҳайвонот», «Китобхона» ё «Мактаб». Пас мусофирон метавонанд ба автобус савор шаванд, пули роҳкиро пардохт кунанд, ҷойи худро ишғол кунанд ва ба роҳ равона шаванд!

Пеш аз огози бозӣ дар бораи маршрути автобус маслиҳат кардан фоиданок аст – ҳамин тариқ мусофирон метавонанд макони таъиноти худро интихоб намуда, ба автобус савор шаванд, дар «истгохи» дилхох фароянд ва интизор шаванд, ки автобус баргардад. Дархост аз мусофирон барои харидани чипта ё пардохт бо танга ё жетонҳо як роҳи олии машқ кардани ҳисобкунии ақлӣ мебошад. Аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки ҳама хурсанд ва шавқманд бошанд, то ин ки бозингарон бо истифода аз тасаввуроти худ лаззат баранд! Ин сафари шавқовар онҳоро ба куҷо мебарад?

Кӯдаконро ба эҷодкорӣ ташвиқ кунед ва барои бозӣ асбобҳо созед, ба монанди кулоҳи ронанда ва чанбараки мошин. Бигзор онҳо дар бораи он фикр кунанд, ки дар сафар ба онҳо чӣ лозим мешавад! 

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Ин бозии шавқовари гурӯҳӣ (ё оилавӣ) кӯдаконро ташвиқ мекунад, ки тасаввуроти худро ҳангоми сафар дар автобуси хаёлӣ истифода баранд! Ин инчунин як роҳи ҷолиб барои машқ кардани ҳисобкунии ва диққатнокӣ аст, то ин ки Шумо аз "истгоҳ"-и худ гузашта наравед!