Саёҳат дар нақб!
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: қуттии картонӣ, ки кӯдак метавонад дар он ҷой гирад
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Қутии картонӣ андозааш аз бадани кӯдакатон каме калонтарро ёбед, кӯдак бояд дар дохили он ба осонӣ ғунҷад.
Девораҳои паҳлӯии қуттиро бурида онро ба нақб табдил диҳед. Кӯдакро дар рӯи фарш аз як тарафи қуттӣ (нақб) шинонед. Аз ҷониби дигар худатон нишаста бо овозу ишора кӯдакатонро даъват намоед, ки ӯ ба дохили қуттӣ дарояд. Агар ба ӯ кӯмак лозим бошад, аз дасти ӯ гирифта эҳтиёткорона ба тарафи худ кашед. Ин амалро якчанд маротиба такрор намоед.
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Бо ёрии ин машғулият кӯдаки Шумо ҳаракатҳои зиёд ва ҳамоҳангсозии ҳаракатро мустаҳкам менамояд. Илова бар ин машғулияти мазкур ба ӯ имкон медиҳад, ки барои худ эҳсосоти навро таҳқиқ ва кашф намуда малакаҳои маърифатӣ, дарки фазо ва ҳалли масъалаҳоро ба ангезиш меорад.