Шеър барои тифлакон

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Хушҳоли!

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Яке аз роҳҳои беҳтарини муошират бо кӯдаки худ – ин машғулиятҳо ва бозиҳои гуногун шифоҳӣ мебошанд, зеро онҳо ба ӯ барои омӯхтани муошират ва мустаҳкам кардани робитаи байни шумо кӯмак мекунанд.

Аввалан, кӯдаки худро дар рӯи сатҳи мулоим ва ҳамвор гузоред. Ин метавонад катчаи ӯ, ҳамроҳи Шумо ё сатҳи мулоим дар рӯи фарш бошад. Ба фарзандатон ягон шеър хонед (масалан, агар ӯ ба қарибӣ бедор шуда бошад):

Ассалом, ассалом, як, ду, се, 

Ассалом, ассалом, як, ду, се.

Шодӣ кунем, ханда кунем, як, ду, се.

Шодӣ кунем, ханда кунем, як, ду, се.

Ассалом, ассалом, як, ду, се,

Ассалом, ассалом, як, ду, се.

Шодӣ кунем, рақс кунем, як, ду, се.

Шодӣ кунем, рақс кунем, як, ду, се.

Ассалом, ассалом, як, ду, се,

Ассалом, ассалом, як, ду, се.

Шодӣ кунем, пой занем, як, ду, се.

Шодӣ кунем, пой занем, як, ду, се.

Ҳангоми кӯдакро хобонидан бошад, Шумо метавонед ин шеърро хонед:

Бачаҷони ҷонона,

Кисаш пури дӯлона,

Дӯлонаро об бурдаст,

Бачаамро хоб бурдаст.

Аз хобаш хезад бинед,

Ширинаку боодоб,

Худаш рафта мешӯяд

Дасту рӯяшро бо об.

Бал, бале, бал оҳуча,

Ки дорад чунин бача.

Барорамаш ба кӯча,

Гӯянд ки зебо бача!

Ҳар шеъреро, ки медонед, ба фарзандатон хонед. Ин машғулиятро ҳадди аққал як маротиба дар як рӯз такрор кунед.

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Хондани шеър ба тифлон робитаи байни кӯдак ва калонсолонро мустаҳкам мекунад, ба кӯдаки Шумо кӯмак мекунад, ки малакаҳои шунавоӣ, нутқ ва муоширати иҷтимоиро инкишоф диҳад.