Шикор ба ҳашарот

Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Ручка ва қоғаз.  

Бозӣ аз чӣ иборат аст: Ба боғи истироҳатӣ ё боғи маҳаллӣ равед ва ҷои хубе барои ҷустуҷӯи ҳашарот равед - аз ҷумла мавзеъҳоеро пайдо намоед, ки дарахтон, буттаҳо, алафҳои баланд ё атрофи ҳавз бошанд. Дар якҷоягӣ бо фарзандонатон бодиққат ҳашарот ҷустуҷӯ кунед. Дар алафзор, дар зери сангхо, дар баргхо, дар шохахои дарахтон бисёр махлуқҳои аҷоибро ёфтан мумкин аст. Ба кӯдакон пешниҳод намоед, ки дар бораи махлуқоти ёфтаи худ маълумот дарҷ кунанд (андоза, шумораи пойҳо, оё бол доранд ё не). Пас аз анҷоми шикори ба ҳашарот, кӯшиш кунед, ки ки дар бораи махлуқоти аҷибе, ки Шумо ёфтаед, маълумоти бештар гиред. Барои ин Шумо метавонед аз энсиклопедия ё интернет  истифода баред.

Олимон тахмин мекунанд, ки ба сари ҳар як инсони сайёра тақрибан 200 миллион ҳашарот рост меояд!

Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Шикор ба ҳашарот як роҳи олии ба фарзандатон муаррифӣ намудани олами ҳашароте ки дар боғҳо умр ба сар мебаранд, мебошад! Кӯдакон аз ҳама он чизе, ки дар атрофи мо садо медиҳад, мехазад, чарх мезанад ва парвоз мекунад, шод хоҳанд шуд. Ин машғулият барои коркарди малакаҳои мушоҳида ва диққат хело мувофиқ аст, инчунин кӯдакон дар бораи олами ҷолиби ҳайвоноти ваҳшӣ бештар маълумот пайдо хоҳанд кард.