Ширзадаи занбӯруғӣ (молочница)

Ширзадаи занбӯруғӣ ё кандидоз - бемории занбӯруғӣ аст, ки аксар вақт дар даҳони кӯдак рух медиҳад. Он аксар вақт дар соли аввали ҳаёти кӯдак рух медиҳад ва одатан боиси нигаронӣ нест.
Body

Сабаби пайдоиши ширзадаи занбӯруғӣ (молочница) Candida albicans (кандидаи сафед) мебошад. Дар организми ҳамаи мо ин занбӯруғ вуҷуд дорад, ки дар мувозинат бо дигар организмҳо зиндагӣ мекунад, вале вакте ки ин мувозинат вайрон мешавад, сироят пайдо мешавад.

Кӯдаки Шумо метавонад сироят ёбад, агар ӯ ҳама чизеро, ки дорои ин занбӯруғ аст, ба мисли пистонакҳои шишача, пистонакҳо, бозичаҳо ва синаи Шуморо мемакад. Аксари кӯдаконе, ки ба таври табиӣ таваллуд мешаванд, ҳангоми таваллуд ба ин занбӯруғ дучор мешаванд, зеро он одатан дар миқдори кам дар маҳбали модар мавҷуд аст.

Баъзан табобати кӯдак бо антибиотикҳо метавонад боиси сар задани ширзадаи занбӯруғӣ гардад.

Аломатҳои сироят
  • Дар луобпардаи даҳони кӯдак доғҳои сафед ё доғчаҳо дар минтақаи уребча пайдо мешавад.
  • Одатан, кӯдак ягон аломат надорад; агар ширзадаи занбӯруғӣ паҳн шавад, пас ӯ метавонад аз шири сина ё ғизо аз сабаби дарди даҳон даст кашад; зиёд ҷудо шудани оби даҳон ба назар мерасад.
  • Агар Шумо сироят дошта бошед, пистонҳои сироятшуда метавонанд маъмулӣ ё сурх ва варамида бошанд.
  • Сирояти пистон бо эҳсоси дарди сахти халонанда ҳамроҳӣ мекунад ва Шумо пай хоҳед бурд, ки пистонҳои Шумо пас аз ширмаконӣ "сӯхта меистанд" ё "хала" мекунанд.

Тағйирот аввал дар забони кӯдак ба амал меояд; бар хилофи пасмондаҳои шир онҳоро тоза кардан осон нест. Шумо метавонед доғҳои хурди сафедро мушоҳида кунед, агар сироят ба пардаи луобии рухсораҳо ва лабҳо аз дарун паҳн шавад (гӯё ба онҳо ярмаи гандум (манная крупа) пошида бошанд).

Табобати модар
  • Доруҳои зидди замбӯруғиро мувофиқи тавсияи духтур истифода баред.
  • Пас аз ҳар як ширдиҳӣ пистонҳоятонро бо оби гарм шӯед, бигзоред, ки онҳо дар ҳаво хушк шаванд ва ба онҳо нури офтоб расад.
  • Пеш аз шир додан ва баъд аз ширдиҳӣ ва иваз кардани либос ва уребчаи кӯдак дастҳои худро шӯед.
  • Синабандҳои пахтагин пӯшед, ки дар мошинаи ҷомашӯӣ дар ҳарорати 95°C шуста шаванд.
  • Васлакҳоро барои шир дар синабандҳо истифода набаред, зеро занбӯруғ муҳити тарро "дӯст медорад".
Табобати кӯдак
  • Доруҳои зидди замбӯруғиро (қатраҳои даҳонӣ ё гел) мувофиқи тавсияи духтури оилавӣ/педиатр истифода баред.
  • Бо маҳлули сода (1 қошуқ ба 100 мл оби ҷӯшонидашуда ва хунукшуда) аз даҳони кӯдак доғҳоро нарм тоза кунед. Барои ин докаро дар гирди ангушт печонида, дар маҳлул тар карда, ним соат ё як соат пеш аз хӯрок забон, милк ва луобпардаҳои даруни рухсораҳои кӯдакро бо нармӣ тоза кунед.

Ҳангоми хӯрокхӯрии кӯдак сироят аз даҳони ӯ ба пистон мегузарад (ва баръакс), аз ин рӯ ҳам модар ва ҳам кӯдакро табобат кардан муҳим аст.

Пешгирӣ кардани ширзадаи занбӯруғӣ
  • Пистонакҳои шишачаҳо, васлакҳо барои пистонҳои сина, қошуқҳоро тамъиз кунед (ҷӯшонед);
  • Бозичаҳоеро, ки кӯдак ба даҳони худ мегузорад, шӯед;
  • Пеш аз шир додан ва баъд аз ширдиҳӣ ва иваз кардани либос ва уребчаи кӯдак дастҳои худро шӯед;
  • Агар кӯдаки Шумо шалҳидагӣ дар минтақаи уребча дошта бошад, онро табобат кунед.

Агар ширзадаи занбӯруғӣ дар даҳони кӯдак паҳн шавад, кӯдак аз истеъмоли шири сина ва дигар хӯрокҳо саркашӣ кунад, ҳарорати баданаш баланд бошад ва ё ширзадаи занбӯруғӣ доимо пайдо шавад, кӯдакро ба духтури оилавӣ/педиатр баред. Агар Шумо дарди доимӣ ба мисли сӯзиш ё хала дар пистонҳо ё дарди шадиди хала дар синаатон эҳсос кунед, ба духтур муроҷиат кунед.