Симфонияи хурсандибахш
Ба Шумо чӣ лозим мешавад: Халтаҳои полиэтиленӣ, тағораҳои пластикӣ, банкаҳои тунукагини холӣ.
Бозӣ аз чӣ иборат аст: Кӯдакони худро гирифта ба боғи истироҳатӣ, соҳили кӯл ё ҳавлиатон ба сайругашт бароед. Дар вақти сайругашт аз кӯдакон хоҳиш намоед, то ашёҳоеро ёбанд, ки садоҳои гуногун мебароранд. Масалан, онҳо метавонанд баргҳои хушк, сангчаҳо, садафаҳо, ғӯзаҳои дарахти санавбар, пӯстлох ё обсабзҳоро ҷамъоварӣ кунанд. Бигзор онҳо фикр кунанд, ки кадоме аз ин маводҳо чӣ гуна овоз мебароранд ва бо ашёҳои гуногун таҷриба гузаронанд. Ҳангоме, ки онҳо ашёҳои гуногунро бо тағораҳову зарфҳо ҷамъ мекунанд ....вақти шӯру ғавғо фаро мерасад. Бигзор онҳо чӣ хеле, ки мехоҳанд ва чӣ қадаре, ки мехоҳанд ғавғо кунанд – шараққос, ҷарангос, хиррос, тараққос ва дигар садоҳо бароранд– дар симфонияи мо ҳама чиз мавқеъ пайдо мекунад!
Дар мамлакати Австрия оркестр вуҷуд дорад, ки асбобҳои онҳо танҳо аз сабзавот сохта шудаанд. Пас аз намоиш онҳо аз сабзавоти истифодашуда шӯрбо омода мекунанд!
Фарзанди Шумо чиро меомӯзад: Баровардани садо бо истифода аз ашёҳову маводҳои гуногун – усули хуби рушди қобилияти эҷодкории кӯдакон, омӯзонидани гӯш кардану шунидан ва инчунин дарк намудани маводҳои гуногуни муҳити атроф мебошад. Илова бар ин, ин як машғулияти шавқовар аст, ки ба беҳтар кардани диққатнокии кӯдак ва эътимод ба худ кӯмак мекунад.