Синамаконӣ дар рухсатӣ

Истироҳатро бо кӯдаки синамак ташкил кардан осонтар ва лаззатбахштар аст. Ғизо ҳамеша дастрас аст, дар ҳарорати дуруст ва аз ҷиҳати гигиенӣ бехатар аст, бинобар ин Шумо метавонед кӯдаки худро дар вақти дилхоҳ ғизо диҳед.
Body

Синамаконӣ дар лаби баҳр/дарё

  • Оби хунуки баҳр / дарё ба синамаконӣ ва ба истеҳсоли шири модар таъсир намерасонад.
  • Аз шиноварӣ ҳатто бештар аз маъмул лаззат мебаред. Шиноварӣ ба ҳолати пас аз таваллуди зани ширдеҳ таъсири мусбӣ мерасонад ва инчунин метавонад ба коҳиши вазни изофагӣ мусоидат кунад.
  • Вуруди офтоб ба синамаконӣ таъсир намерасонад. Кӯшиш кунед, ки синаҳои худро аз нурҳои бевоситаи офтоб муҳофизат кунед барои нагирифтани сӯхтани офтобӣ, ки метавонад хеле дардовар бошад.
  • Истифодаи кремҳои аз гиёҳҳо омодашудаи зиддиофтобӣ тавсия дода мешавад. Кремро ба ҷойҳое истифода набаред, ки кӯдак ҳангоми синамакӣ онро фурӯ бурда тавонад.
  • Ҳангоми синамаконии тифли худ аз маҳсулоти даббоғӣ (средство для загара) истифода набаред.
  • Пас аз оббозӣ либоси хушкро пӯшед, либоси шиноварии тар метавонад боиси илтиҳоби сина гардад.
  • Агар Шумо дар соҳил синамаконӣ кардани бошед, пеш аз синамаконӣ синаи худро бо оби тоза шӯед, то арақ, қум ва намаки баҳрро шӯед. Бо кӯдакатон дар соя бароҳат нишинед, агар ин бароятон бароҳаттар бошад, бо рӯймоли сабук болоятонро пӯшед.

Оё ба ман лозим аст, ки ба кӯдаки худ дар тобистон бештар шири сина диҳам?

Дар гармои тобистон кӯдакон низ ба моеъи зиёд ниёз доранд. Кӯдаки танҳо шири модар мегирифта аз шири сина об мегирад ва ба ӯ бояд бештар синамаконӣ кунанд. Кӯдак худаш бештар хоҳиш мекунад, ки синамаконӣ кунанд. Агар макидани сина вақти кӯтоҳ бошад, ҳайрон нашавед. Кӯдаки Шумо ташна аст, гурусна нест, аз ин рӯ шири дар пеши сина буда миқдори зиёди об дорад ва кофӣ хоҳад буд. Ба кӯдаки аз 6 моҳа болотар бештар об додан мумкин аст.